Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАҚШИ ВАО ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ БАРРАСӢ ГАРДИД


НАҚШИ ВАО ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ БАРРАСӢ ГАРДИД




22 апрел дар шаҳри Бохтар бо иштироки сармуҳаррирон ва аҳли эҷоди нашрияҳои даврии вилоятӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия» баргузор гардид.

Кори мизи мудавварро сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода ифтитоҳ бахшида, масъалаи муқовимат ба коррупсияро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти эҷодии идора арзёбӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳайати эҷодӣ ҷиҳати инъикоси фарогири масъалаҳои марбут ба мубориза бо коррупсия пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.

Қайд гардид, ки имрӯз фаъолияти рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ танҳо бо чопи маводҳои иттилоотию таҳлилӣ маҳдуд набуда, истифодаи васеи имкониятҳои фазои рақамӣ, сомонаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ имкон фароҳам овардааст, то доираи таъсиррасонӣ ба аудиторияи васеътар густариш ёбад. Ба андешаи номбурда, маҳз тавассути пешниҳоди маводи асоснок, таҳлилҳои амиқ ва инъикоси воқеъбинонаи ҳолатҳо метавон дар ташаккули фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир гузошт.

Сипас, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Ҷамшед Саидамирзода доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия ва татбиқи амалии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030» суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки стратегияи мазкур ҳамчун санади калидӣ ба таҳкими заминаҳои институтсионалӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ равона гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи татбиқи стратегия тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ, тақвияти назорати молиявӣ, баланд бардоштани масъулияти мансабдорон ва ҷалби фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин раванд, нақши воситаҳои ахбори омма махсусан муҳим буда, онҳо метавонанд ҳамчун пули иртиботӣ миёни давлат ва ҷомеа хизмат намуда, бо роҳи инъикоси шаффофи фаъолият, ошкорсозии камбудиҳо ва тарғиби арзишҳои қонунмеҳварӣ ба коҳиши зуҳуроти коррупсионӣ мусоидат намоянд.
Дар идомаи ҳамоиш иштирокдорон оид ба роҳҳои такмили ҳамкориҳо миёни ВАО ва ниҳодҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати маводи журналистӣ дар ин самт, истифодаи жанрҳои таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия раванди мураккаб ва дарозмуддат буда, пеш аз ҳама, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва устувор намудани арзишҳои ахлоқию иҷтимоиро тақозо менамояд. Дар чунин шароит, фаъолияти мақсадноки воситаҳои ахбори омма метавонад ба тағйири афкори ҷамъиятӣ ва ташаккули мавқеи оштинопазир нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ мусоидат намояд.



Дар анҷоми мизи мудаввар таъкид карда шуд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи умумимиллӣ буда, танҳо дар ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. ВАО, ҳамчун неруи таъсиргузори иҷтимоӣ, уҳдадор аст бо риояи меъёрҳои касбӣ ва масъулияти баланд дар ташаккули ҷомеаи шаффоф, одилона ва қонунмеҳвар саҳми арзандаи худро гузорад.

Набиҷони Саидаброр,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода