Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» ДАР ҒАНИСОЗИИ ГАНҶИНАИ КИТОБХОНА САҲМ ГУЗОШТ


РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» ДАР ҒАНИСОЗИИ ГАНҶИНАИ КИТОБХОНА САҲМ ГУЗОШТ



Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» дар вилояти Хатлон эълон гардидани солҳои 2026-2030 идораи рӯзномаи «Хатлон» иқдоми маърифатӣ анҷом дода, ба ғанӣ гардидани фонди китобхонаҳои вилоят саҳми арзанда гузошт.

Бо мақсади дастгирии довталабону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» ва таҳкими фарҳанги мутолиа, аз ҷониби идораи рӯзнома наздик ба 100 нусха китобҳои тозанашр, ки дар заминаи фаъолияти эҷодии рӯзномаи «Хатлон» рӯйи чоп омадаанд, ба Китобхонаи оммавии вилоятӣ ба номи Шамсиддин Шоҳин тақдим гардид. Ин китобҳо фарогири мавзуъҳои гуногун аз таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, то масъалаҳои иҷтимоиву маърифатӣ буда, метавонанд ниёзҳои гуногуни хонандагонро қонеъ созанд.

Маросими супоридани бастаи китобҳои тозанашр бо иштироки роҳбарияти муассисаҳо дар фазои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардида, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода китобҳоро ба директори китобхона Рухшонаи Шералӣ тақдим намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки китоб ҳамчун манбаи асосии дониш ва омили ташаккули шахсияти инсон, дар меҳвари сиёсати фарҳангии давлат қарор дошта, рушди фарҳанги китобхонӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор меравад.

Қайд гардид, ки рӯзномаи «Хатлон» дар баробари фаъолияти иттилоърасонӣ, ба масъалаҳои тарбиявию маърифатӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, тавассути нашри китобҳо, маҷмуаҳои публитсистӣ ва таҳлилӣ дар рушди тафаккури ҷомеа саҳм мегузорад. Тақдими чунин адабиёт ба китобхонаҳо идомаи мантиқии ҳамин рисолати маънавӣ арзёбӣ гардид.

Маврид ба зикри хос аст, ки китобҳои тақдимшуда танҳо ба шакли анъанавӣ маҳдуд намешаванд. Бо дарназардошти талаботи замони муосир ва рушди технологияҳои рақамӣ, ҳар як китоб дорои шакли электронӣ низ мебошад. Дар пушти китобҳо рамзи QR ҷойгир карда шудааст, ки ба хонанда имкон медиҳад, тавассути скан намудани он ба нусхаи электронии китоб ворид гардида, онро мутолиа намояд ё барои истифодаи минбаъда боргирӣ кунад. Ин навоварӣ имконият фароҳам меорад, ки китоб танҳо дар рафҳои китобхона не, ҳамчунин дар фазои рақамӣ низ дастрас бошад.

Коршиносон чунин иқдомро намунаи пайванди анъанаҳои китобдорӣ бо технологияҳои муосир арзёбӣ намуда, онро дар роҳи густариши фарҳанги мутолиа ва ҷалби насли ҷавон ба китоб муҳим медонанд. Зеро имрӯз, дар шароити рушди босуръати иттилоот, ҷалби ҷавонон ба китобу мутолиа яке аз вазифаҳои калидии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Сарвари китобхонаи вилоятӣ Р. Шералӣ қайд, кард, ки рӯзномаи «Хатлон» ҳамчун минбари боэътимоди иттилоотӣ, рисолати фарҳангиву маърифатии худро низ бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар ташаккули ҷомеаи донишмеҳвар ва худогоҳ саҳми назаррас мегузорад.

Н. Самадзода,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода