Оғози бошукӯҳи чорабиниҳои “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
22-юми апрели соли равон маросими ифтитоҳи расмии чорабинии иҷтимоиву маърифатии “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” дар саҳни театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар баргузор гардид. Иқдоми мазкур дар доираи қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон роҳандозӣ шуда, ба рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва эҷодии кӯдакону наврасон равона гардидааст.
Чорабинӣ бо иштироки масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон, кӯдакону наврасон ва падару модарон баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Бохтар ва раёсати маориф иштирок намуда, аҳамияти иқдомро дар тарбияи насли солим ва ватандӯст муҳим арзёбӣ карданд.
Қабл аз қисми расмӣ, намоиши дастовардҳои муассисаҳои томактабӣ баргузор гардида, ҳунару эҷодиёти кӯдакону мураббиён ба маърази тамошо гузошта шуд.
Зимни суханронӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода таъкид намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, бахусус таҳсилоти томактабӣ сол ба сол бештар гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоид барои кӯдакон тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд. Инчунин, саҳми роҳбарияти вилоят дар татбиқи чунин ташаббусҳо назаррас арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар доираи “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар дошта шуда, онҳо ба рушди қобилият ва фарогирии бештари кӯдакон мусоидат мекунанд.
Дар анҷом барномаи фарҳангии рангин бо иштироки кӯдакону наврасон пешкаш гардида, ба чорабинӣ фазои идона бахшид.
С. Азиззода,
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...