ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР ВА ТАЪКИД БА РУШДИ КИШОВАРЗӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 21 апрел, дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ мулоқоти муҳим бо масъулони соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи сиёсати давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он доир шуда, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба рақамикунонии соҳа, истифодаи технологияҳои муосир ва таъмини устувории истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ба шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят 408 адад таҷҳизоти муосири идоравӣ, аз ҷумла ноутбук, компютер, принтер ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд. Ин иқдом ба рушди низоми электронии идоракунии соҳа ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни суханронӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки замин, сари вақт анҷом додани кишти пахта ва дигар зироатҳо, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири агротехникӣ аз вазифаҳои асосии масъулони соҳа ба шумор меравад. Раиси вилоят масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои таъмини рушди устувори соҳа ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон, иштирокдорон вобаста ба татбиқи барномаҳои соҳавӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тақвияти ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки чунин иқдомҳо метавонанд барои рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оваранд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00