МУЪМИНОБОД: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ «ШОҲНОМАХОНӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 162
![]()
20 апрел дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи осори гаронбаҳои Абулқосим Фирдавсӣ, бахусус шоҳасари безаволи ӯ — Шоҳнома, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва рушди маҳорати суханварии наврасону ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Дар ҷараёни даври дуюм иштирокчиён аз «Шоҳнома» порчаҳо қироат намуда, маҳорати баланди суханварӣ, талаффузи дуруст ва дарки амиқи мазмуни асарро ба намоиш гузоштанд. Баромадҳои хонандагон аз ҷониби ҳайати ҳакамон тибқи меъёрҳои муайяншуда мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи бебаҳои адабиёти ҷаҳонӣ дар тарбияи маънавии насли наврас, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ нақши муассир дорад.
Дар анҷом беҳтарин иштирокчиён муайян гардида, ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...