БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КИШТИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ШОДӢ 2011» ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 17 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Вахш аз ҷараёни кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии «Шодии 2011», воқеъ дар деҳаи Чоргултеппаи ҷамоати шаҳраки «Зарнисор» боздид намуданд.
Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Шодии 2011» соли 2004 таъсис ёфта, айни замон дар масоҳати умумии 10 гектар фаъолият менамояд. Роҳбарии хоҷагиро Бердиев Давлатмурод ба уҳда дошта, дар он 20 нафар саҳмдор фаъолият доранд.
Қайд гардид, ки дар хоҷагӣ замин самаранок истифода гардида, дар 8 гектар кишти пахта ва дар 2 гектари боқимонда сабзавот кишт шудааст. Ҳолати нашъунамои зироатҳо хуб арзёбӣ гардида, деҳқонон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ талош доранд, ки ҳосили фаровон ба даст оранд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ба масъулон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Бояд зикр намуд, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон ҳаҷми умумии маҳсулот ба 2,2 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоиз афзоиш ёфтааст. То имрӯз дар вилоят кишти пахта дар майдони зиёда аз 60 ҳазор гектар анҷом ёфта, ҳамзамон кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ низ бо маром идома дорад.
Таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои замин аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...