Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ РОҲ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ РОҲ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА



Имрӯз, 15 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳи аҳамияти маҳаллидошта, воқеъ дар деҳаи Остона, боздид намуданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми фаъолонаи сокинони деҳа амалӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ, аз ҷумла маблағҳои ҷамъовардаи сокинон аз сафари ҳаҷ ва фитри рӯза, роҳандозӣ шудааст. Дарозии умумии ин роҳи аҳамияти маҳаллидошта 9 километрро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки татбиқи чунин иқдомҳо намунаи равшани ҳамкории самарабахши давлату ҷомеа дар самти ободонии маҳал, рушди инфрасохтори роҳҳо ва беҳтарсозии шароити зиндагии аҳолӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки корҳои азнавсозии роҳ аз моҳи январи соли 2026 оғоз гардида, то имрӯз марҳилаи муҳими корҳои тахту ҳамворкунӣ ба анҷом расонида шудааст. Айни замон корҳои омодагӣ ва идомаи марҳилаҳои асосии мумфаршкунӣ идома доранд.

Зимни боздид раиси вилоят бо сокинон, масъулини соҳа ва фаъолони маҳаллӣ суҳбат намуда, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайян ба анҷом расонидани корҳои роҳсозӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид карда шуд, ки беҳтар гардидани ҳолати роҳҳо на танҳо рафтуомади сокинонро осон менамояд, балки барои рушди иқтисодию иҷтимоии деҳот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ низ аҳамияти муҳим дорад.

Қобили зикр аст, ки танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорон беш аз 600 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш гардидааст, ки ин нишонаи болоравии ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии сокинон дар корҳои ободонӣ арзёбӣ мегардад.

Таъкид шуд, ки чунин ташаббусҳои созанда минбаъд низ идома ёфта, барои боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори маҳал ва шароити зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода