Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК


ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Норак бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ аз наздик шинос гардид. Зимни боздид аз гармхонаҳо, ҳамчунин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуда, ба фаъолияти кишоварзон баҳои мусбат дода шуд.

Қайд гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо суръати баланд идома дошта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Масъулин таъкид намуданд, ки иншооти бунёдшаванда ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва рушди инфрасохтори шаҳр мусоидат намуда, дар ободонии маҳал нақши муҳим мегузоранд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода