ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 72
![]()
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид зикр карда шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо суръати баланд идома дошта, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода супоридани онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Масъулин таъкид намуданд, ки иншооти бунёдшаванда ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саросари вилояти Хатлон корҳои созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. То имрӯз зиёда аз 6981 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ин нишондиҳанда аз афзоиши корҳои ободонию созандагӣ ва саҳми арзандаи сокинон дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии минтақа шаҳодат медиҳад.
Чунин иқдомҳо дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар фарҷом раиси вилоят ба масъулини соҳа дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосир ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шаванд, то сокинон аз шароити беҳтарини зиндагӣ бархурдор гарданд.
Хатлон
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...