Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ


ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ




Имрӯз, 15 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ СММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Симон Ҳоллема мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои судманд дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки БОҶ СММ яке аз бузургтарин барномаҳои башардӯстона дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ба ҳисоби миёна, ин барнома ҳамасола ба зиёда аз 80 миллион нафар дар беш аз 80 кишвари ҷаҳон кумаки ғизоӣ мерасонад.

Ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо БОҶ СММ самаранок арзёбӣ гардида, дар доираи он дар кишвар як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, бо дастгирии барнома дар Тоҷикистон наздик ба 2000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин гардида, хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо ғизои солим фаро гирифта шудаанд.

Аз миёнаи солҳои 2000-ум Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар вилояти Хатлон татбиқи барномаҳои «Кумаки озуқаворӣ бар ивази меҳнат» ва «Барқарорсозии дороиҳои ҷамъиятӣ»-ро густариш додааст. Дар доираи ин барномаҳо инфрасохтори кишоварзӣ, системаҳои обёрӣ, заминҳои корам ва тадбирҳои ҳифзи муҳити зист рушд ёфта, манбаъҳои зиндагии аҳолии деҳот тақвият ёфтаанд.

Қайд гардид, ки дар вилояти Хатлон зиёда аз 220 ҳазор хонанда дар 707 муассисаи таълимии 24 шаҳру ноҳия бо маҳсулоти ғизоии босифат (орд, равған, нахӯд) таъмин карда мешаванд.

Барномаҳои махсус барои кӯдакони аз 6 то 59-моҳа дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Шаҳритус амалӣ мегарданд. Танҳо дар соли 2025 ба 3347 кӯдаки гирифтори камғизоӣ тавассути 209 муассисаи тиббӣ кумак расонида шудааст.
Тавассути лоиҳаҳои «кумаки озуқаворӣ бар ивази меҳнат», системаҳои обёрӣ ва заминҳои корами вилоят барқарор карда шуда, манбаъҳои даромади аҳолии деҳот тақвият ёфтаанд.

Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи «Фаъолияти шабакаи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон» (бо маблағгузории ИМА) дар ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Хуросон ва Восеъ ва лоиҳаи агротехнологии KOICA барои ҷавононро мусбат арзёбӣ карданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба зарурати дастгирии хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз ҷониби занон роҳбарӣ мешаванд, махсусан дар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва дастрасӣ ба бозор, таъкид намуд.

Пас аз мулоқот маросими ифтитоҳи бахши ғизои мактабӣ дар назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон барпо гардид. Барои таҳкими иқтидори техникии ин ниҳод, аз ҷониби БОҶ СММ як адад автомашинаи хизматии Toyota Prado тақдим карда шуд.

Симон Ҳоллема дар доираи сафари худ аз ҷараёни ташкили ғизо дар МТМУ №33-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва фаъолияти маркази саломатии «Қизил Тоҷикистон» дидан намуда, аз сатҳи иҷрои барномаҳо изҳори қаноатмандӣ кард.

- Ҳамкории мо бо БОҶ СММ на танҳо кумаки башардӯстона, балки сармоягузорӣ ба ояндаи насли наврас ва устувории иқтисодии минтақа мебошад, - зикр гардид дар ҷараёни вохӯрӣ.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода