ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ «ХАТЛОН: САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЙЁҲАТ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 148
![]()
Дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзҳои 4–5 июни соли 2026 дар ноҳияи Муъминобод Форуми байналмилалии сайёҳӣ ва намоишгоҳи «Хатлон: сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат» баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа ташкил гардида, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, таблиғи захираҳои таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, форум ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар сохторҳои марбут ба соҳа мусоидат хоҳад кард. Дар доираи чорабинӣ муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ ва баргузории мулоқотҳои дуҷониба дар формати B2B ва B2G дар назар аст.
Ба Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парламент, роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин коршиносону ширкатҳои ватанию хориҷӣ, сармоягузорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ даъват гардидаанд. Интизор меравад, ки дар чорабинӣ ҳудуди 350–400 нафар иштирок намоянд.
Дар баробари ҷаласаҳои пленарӣ, кори форум дар се бахши муҳим — рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ, рушди сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ ва инчунин фарҳанги эҷодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идома хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, дар доираи форум намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои вилояти Хатлон баргузор гардида, ба иштирокчиён шароити мусоид барои муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ, инчунин шиносоӣ бо таомҳои миллӣ фароҳам оварда мешавад.
Ташкилкунандагон таъкид менамоянд, ки чунин чорабиниҳо дар роҳи рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои кишвар ва ҷалби сармоя нақши муҳим дошта, ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд.
Хатлон
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...