ДАР ХАТЛОН НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
1 апрели соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи назаррас оғоз гардид. Тибқи иттилои масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ, нақшаи даъват дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро шуда, ҷавонони зиёде бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Зикр бояд, ки чунин нишондиҳандаи баланд бори чаҳорум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта мешавад. Ин дастовард аз сатҳи баланди омодагии ҷавонон, афзоиши эҳсоси ватандӯстӣ ва натиҷаи корҳои мунтазами тарбиявию фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Ба муносибати иҷрои пурраи нақшаи даъват дар рӯзи аввал дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар роҳпаймоии бошукӯҳ ва чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони сохторҳои низомӣ, фаъолони ҷомеа, падару модарон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Навдаъватшавандагон аз назди Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон бо парчамҳои давлатӣ, шиорҳои ватандӯстона ва рӯҳияи баланд ба сӯи варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав раҳсипор шуданд. Дар роҳпаймоӣ садҳо нафар ҷавонони ихтиёрӣ иштирок намуда, омодагии худро барои ҳифзи истиқлолият, амният ва марзу буми кишвар нишон доданд.
Дар варзишгоҳи донишгоҳ маросими ботантанаи гусели наваскарон баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ дар чорабинӣ навдаъватшавандагонро табрик гуфта, таъкид намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои муҳимми ҳаёти ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, хизмати ҳарбӣ мактаби шуҷоат, матонат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан буда, ҷавонон дар ин мактаб рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ ва интизоми ҳарбиро меомӯзанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки имрӯз Артиши миллӣ ба яке аз сохторҳои муҳими ҳифзи амнияти давлат табдил ёфта, ҷавонони шуҷоъ ва ватандӯсти кишвар вазифадоранд дар таҳкими иқтидори мудофиавии давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Пас аз суханрониҳо маросими анъанавии нонгазон баргузор шуд. Модарону падарон бо эҳсоси ифтихор фарзандони худро барои адои хизмати муқаддаси ҳарбӣ гусел намуда, ба онҳо дуои хайр ва орзуҳои нек баён карданд.
Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ идома ёфт. Ҳунармандони маъруфи вилоят бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона, рақсу таронаҳои миллӣ ва саҳначаҳои театрикунонидашуда фазои идонаву рӯҳбаландиро фароҳам оварданд.
Бояд гуфт, ки иҷрои пурраи нақшаи даъват дар рӯзи аввал далели ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳарбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳолии вилоят буда, аз болоравии сатҳи худогоҳии миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони Хатлонзамин дарак медиҳад.
«Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...