БУНЁД ВА АЗНАВСОЗИИ ТОЛОРИ МАҶЛИСГОҲ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 44
![]()
Имрӯз, 26 март, дар идомаи сафари кории худ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз бинои маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки толори мазкур дар масоҳати умумии 348 метри мураббаъ азнавсозӣ гардида, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Иншоот барои баргузории чорабиниҳои гуногуни расмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ пешбинӣ шуда, пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардид.
Қайд гардид, ки барои пурра анҷом додани корҳои таъмиру азнавсозӣ зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Толори мазкур метавонад ба як макони муносиб барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд табдил ёбад ва дар рушди ҳаёти фарҳангиву ҷамъиятии ноҳия нақши муҳим бозад.
Бояд зикр намуд, ки бунёду навсозии чунин иншоотҳо дар доираи сиёсати ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...