ТАТБИҚИ ИҚДОМҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ДЕҲАИ ТАЛХОБИ ДАНҒАРА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 48
![]()
Дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, дар гӯшаҳои гуногуни кишвар корҳои ободонӣ вусъат гирифта истодаанд. Ин иқдом ба ободии Ватан, баланд бардоштани ҳисси масъулият ва тақвияти худшиносии миллии шаҳрвандон равона шудааст.
Дар ҳамин замина, 3 феврали соли 2026 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷаласаи корӣ иқдоми муҳими ҷамъиятиро таҳти унвони «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» эълон намуд. Ин ташаббус ба вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
Дар доираи ин иқдом дар деҳаи хушманзари Талхоби ноҳияи Данғара корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, насб ва истифодаи панелҳои офтобӣ барои таъмини неруи барқ ҷорӣ гардида, ин иқдом ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, дар соҳаи кишоварзӣ низ таҷрибаҳои муосир татбиқ гардида, истифодаи обмонии қатрагӣ дар ниҳолпарварӣ, парвариши лимӯ ва дигар дарахтони донакдор ба роҳ монда шудааст. Ин усул барои сарфаи об, афзоиши ҳосилнокӣ ва рушди устувори хоҷагидорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00