ҚАЛАМ ДАР ДАСТ, ИЛМ ДАР ДИЛ. Ҳикояи рӯзноманигори таҳқиқгар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 7
![]()
Дар байни садҳо ҷавонест, ки дар нигоҳи аввал шахсияти ором ва ботамкин менамояд, аммо дар асл дили пурошӯбу қалами бурро дорад. Ин ҷавон Комрон Расулзода аст, нафаре, ки бо муҳаббати беандоза ба сухан, бо эҳсоси баланд ба Ватан ва бо масъулият дар кори эҷод миёни рӯзноманигорони кишвар ном баровардааст. Фаъолияти ӯ на танҳо дар нашрияҳои «Хатлон» ва «Набзи Бохтар» идома ёфт, балки ба фазои илм ҳам роҳ кушод. Комрон соли 2025 бо дифои рисолаи илмӣ дар мавзуи “Нақши матбуоти даврии маҳаллӣ дар тарғиби сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (дар мисоли нашрияҳои «Хатлон» ва «Сафо», солҳои 2018–2021)” зери роҳбарии дотсент Маҳкамзода Дилором Юнус унвони номзади илмҳои филологро ба даст овард. Ин мавзуъ худ гувоҳи он аст, ки муаллиф на танҳо хабарнигори одӣ, балки андешамандест, ки ба неруи таблиғотии матбуоти маҳаллӣ эътимод дорад. Дар ин росто суҳбате доштем бо К. Расулзода, ки фишурдаи онро дар зер барои шумо, хонандаи хушзавқ, пешкаш мекунем.
- Бигӯед, чӣ чиз сабаб шуд, ки Шумо роҳи рӯзноманигорӣ ва филологияро пеша кардед?
- Аз овони кӯдакӣ аз забони падарам ҳамеша мешунидам, ки мегуфт: «Фарзанди калониам журналист мешавад». Ман фарзанди калонии хонавода будам. Манзур он буд, ки падарам мехостанд журналист шаванд. Вале бинобар сабаби вазъи оилавӣ таҳсилро дар муассисаи олӣ давом дода натавонистанд.
Аз даврони таҳсил дар мактаб кӯшиш мекарданд, ки бо ашёҳои таълим таъмин бошам. Пас аз хатми муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатҳоямро ба ихтисоси рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав супорида, донишҷӯи ин боргоҳи таълимӣ гаштам.
Таҳсил дар донишгоҳ маро ба роҳи рӯзноманигорӣ водор кард. Устодон, ки дар давраи донишҷӯӣ роҳнамоям буданд, аз ҷумла, устод Носирҷон Маъмурзода бо маслиҳатҳои донишмандонаашон маро ба таҳқиқу навиштани матнҳои журналистӣ ҳидоят карданд.
Дар канори устод, дар муҳити рӯзномаи “Хатлон” ва ҳамкорӣ бо журналистони варзида Саттор Қарахонов, Ҳангомаи Исмат ва Исматулло Ҳасанов маро ба ин касб бештар ҷалб карданд.
- Шумо фаъолияти касбии худро ҳанӯз аз донишҷӯ будан оғоз кардед. Ин таҷриба чӣ гуна ба Шумо таъсир гузошт?
- Бале, фаъолияти касбиро ҳанӯз замони курси дуюм буданам дар рӯзномаи “Хатлон” ҳамчун хабарнигор оғоз карда будам. Ин таҷриба барои ман хеле арзишманд буд, чунки на танҳо донишҳои назариявиро дар амал татбиқ мекардам, балки қобилияти таҳлил, навиштани дақиқ ва гуфтугӯ бо мардумро низ омӯхтам. Пеш аз ҳама, дарк кардам, ки ҳар як сухан ва андеша масъулият дорад. Ҳамин таҷриба ба ман кумак кард, ки пас аз хатми донишгоҳ зуд ба муҳити корӣ ворид шуда, дар касби худ устувор шавам.
- Рисолаи илмии Шумо ба масъалаи муҳими рӯз – “Нақши матбуоти маҳаллӣ дар тарғиби сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шудааст. Чаро ин мавзуъро интихоб намудед?
Мавзуи рисолаи илмии худро бо чанд далел интихоб намудам. Якум ин, ки бo ибтикopи Пeшвoи миллaт муҳтapaм Эмoмaлӣ Paҳмoн эълoн гapдидaни Coли pушди caйёҳӣ вa ҳунapҳoи мapдумӣ дap coли 2018 вa Coлҳoи pушди дeҳoт, caйёҳӣ вa ҳунapҳoи мapдумӣ бapoи coлҳoи 2019-2021 бoиc гapдид, ки ин coҳaҳo бeштap pушд нaмoянд. Aз ин pӯ, тaҳқиқи баррасии ин мавзуъ дар мaтбуoти дaвpии мaҳaллӣ, пeш aз ҳaмa, бa oмӯзиши инъикocи caйёҳӣ вa ҳунapҳoи мapдумии Хaтлoн, caтҳи дacтpacӣ бa иттилooт дoиp бa ин мaвзуъ, шинoc нaмудaни мухoтaбoн бo ҷoйҳoи тaъpихӣ, фapҳaнгӣ, зиёpaтӣ, кacбу ҳунapҳoи мapдуми ин минтaқa, нaқши мaвoди мaтбуoти дaвpии мaҳaллӣ дap тaшaккули тaaccуpoт вa тaвaҷҷуҳи caйёҳoн, иттилoъ oид бa шиpкaтҳoи caйёҳӣ вa мapкaзҳoи иттилooтӣ, вижaгиҳoи тapғиби мaвзeъҳoи caйёҳӣ, кopбуpди жaнpҳoи публитcиcтӣ дap пeшниҳoди мaвзуъҳoи caйёҳӣ вa ҳунapҳoи мapдумӣ вa муaйян нaмудaни ҷoйгoҳи мaтбуoти дaвpии мaҳaллии Хaтлoн дap pушди ин coҳa бахшидашуда мавқеи хосро дорад.
Дуюм, мехостам таҳқиқ кунам, ки чӣ гуна матбуоти маҳаллӣ, яъне рӯзномаи “Хатлон” ва маҷаллаи “Сафо” дар ин ҷода нақш доранд. Таҳлили ман нишон дод, ки бо як сиёсати иттилоотии дуруст ва ҷалби рӯзноманигорони ҳирфаӣ, матбуоти маҳаллӣ метавонад ҳамзамон ба рушди сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ мусоидат намояд. Ин мавзуъ ҳам саривақтӣ аст ва ҳам дорои аҳамияти амалӣ барои рушди минтақа, хусусан вилояти Хатлон мебошад.
- Ба назари Шумо, рӯзноманигории маҳаллӣ то куҷо метавонад ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ, бахусус сайёҳӣ мусоидат кунад?
- Дар хотир бояд дошт, ки матбуоти маҳаллӣ яке аз наздиктарин воситаҳои иттилоот ба ҷомеаи маҳаллӣ мебошад. Зеро аз имкониятҳо ва захираҳои минтақа огоҳии бештар дорад. Онҳо метавонанд бо нашри мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои махсус ва мусоҳиба бо ҳунармандону намояндагони бахши сайёҳӣ, як тасвири воқеӣ ва ҷолиб аз минтақа эҷод кунанд.
Дар шароити Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, ки дорои захираҳои бойи таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мебошад, рушди соҳаи сайёҳӣ метавонад ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ кумак кунад.
- Дар тӯли фаъолият дар нашрияҳои гуногун аз “Хатлон” то “Набзи Бохтар” кадом лаҳзаҳоро фаромӯшнопазир меҳисобед?
- Дар тӯли фаъолияти худ дар нашрияҳои “Хатлон” ва “Наб-зи Бохтар” чанд лаҳзаҳо буданд, ки дар хотирам ҳамеша боқӣ мемонанд. Яке аз онҳо нахустин мақолае бо номи “Аввал бӯр биёр, баъд дарс мехонӣ!” буд, ки дар саҳифаи рӯзномаи “Хатлон” таҳти рақами №46 аз 5-уми декабри соли 2013 чоп шуд. Он лаҳза ифтихор, масъулият ва шодии зиёдро эҳсос кардам. Мақолаҳои интиқодии мо боис шуданд, ки як мушкили муҳими иҷтимоӣ ҳал гардад. Ин гуна таҷрибаҳо ба ман нишон доданд, ки сухани муассир метавонад тағйир оварад, агар бо масъулият ва адолат гуфта шавад.
Шиносоӣ бо рӯзгори мардумони самимиву ватандӯст, донишманду некном илҳомбахш буданд ва фаҳмидам, ки рӯзноманигорӣ фақат касб не, балки рисолат низ ҳаст.
- Чандрасонаӣ имрӯз як ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзноманигорист. Шумо чӣ гуна ин равандро дар фаъолияти худ истифода мебаред?
- Имрӯз пешаи рӯзноманигорӣ дигар бо матни чопӣ маҳдуд намешавад. Чандрасонаӣ, яъне истифодаи видео, аудио, акс ва инфографика як ҷузъи ҷудонашавандаи кори рӯзноманигор шудааст. Масалан, дар баробари таҳияи матнҳо талош мекунам, ки бо истифодаи инструментҳои медиаи нав пешниҳоди хонанда намоям, то ин ки хонанда бо чашми худ бубинад ва эҳсос кунад. Вақте ки ҳарфи қаҳрамонҳои мақола ба таври зинда шунида шавад, эътимоди хонандагон зиёд мешавад.
Бинобар ин, чандрасонаӣ барои ман ҳам имконият, ҳам зарурат аст, барои расонидани паём ба хонандаи муосир ва густариши таъсиргузории матбуоти маҳаллӣ ба ҷомеа.
- Ба ҳайси сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав чӣ гуна муваффақ шудед, ки иттилооти муассиса дақиқу саривақт ба аудитория расад?
- Вақте ки ба ҳайси сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин шудам, омӯхтам, ки бо кадом роҳ метавонам мавқеи донишгоҳро миёни ҷомеа муаррифӣ намоям. Талош кардам, ки равандҳои интиқоли иттилоотро на танҳо муассир, балки муосир низ созам. Барои расонидани иттилооти дақиқ ва саривақтӣ ба ҷомеа, чанд иқдоми муҳимро ба роҳ мондам.
Аввалан, фаъолияти Марказро ба таври густурда ба шабакаҳои иҷтимоӣ баровардем.
Саҳифаҳои донишгоҳ дар Facebook ва YouTube мунтазам нав карда мешуданд. Ин шабакаҳо барои паҳн кардани хабарҳои фаврӣ, эълонҳо ва рӯйдодҳои муҳим нақши калидӣ бозиданд.
Ҳамин таҷриба нишон дод, ки бо истифодаи дуруст аз захираҳои инсонӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои муосири иттилоот, ҳатто як муассисаи таълимӣ метавонад ба як манбаи боэътимоди иттилоот хизмат кунад.
- То куҷо муҳити илмии Донишгоҳи давлатии Бохтар барои рушди як пажӯҳишгари ҷавон мусоид аст?
- Муҳити илмии Донишгоҳи давла-тии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар солҳои охир ба таври назаррас рушд ёфтааст ва шароити мусоид барои пажӯҳишгарони ҷавон фароҳам оварда шудааст.
Дар донишгоҳ олимон ва устодоне фаъолият доранд, ки на танҳо дар таҳқиқот пешсафанд, балки омодаанд бо ҷавонон ҳамкорӣ кунанд ва маслиҳатҳои амалӣ диҳанд.
Мунтазам баргузор шудани маҳфилҳои илмии факултаҳо, ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, озмунҳо ва форумҳо барои донишҷӯён ва магистрантон шароити хуби муаррифии корҳои илмӣ ва такмили малака фароҳам меорад.
- Ба фикри Шумо, рӯзноманигории имрӯз дар муқоиса бо 10 соли пеш чӣ гуна тағйир ёфтааст?
- Имрӯз иттилоот дар чанд сония тавассути Telegram, Facebook ё TikTok ба ҳазорон нафар мерасад. Ин тағйир журналистро водор месозад, ки зудкор, ҳамзамон дақиқ ва эҳтиёткор бошад. Имрӯз хонанда танҳо матн намехонад, ӯ мехоҳад бинад, бишнавад ва эҳсос кунад. Журналистикаи муосир бо видео, акс, аудио ва дигар воситаҳо ҳамроҳ шудааст.
Дар гузашта журналист бештар нақли воқеаро мекард. Рӯзноманигории имрӯз рӯзноманигории босуръат, чандрасонаӣ, таҳлилгарона ва бомасъулият аст.
- Кадоме аз комёбиҳоятон барои Шумо аз ҳама азизтар аст ва чаро?
- Дар ҳақиқат, дар ҷараёни фаъолияти рӯзноманигорӣ ва илмӣ ба якчанд ҷоиза ва сипосномаҳои соҳавӣ сарфароз шудам, ки ҳар кадоми онҳо нишонаи эътимоди ҷомеа ва қадрдонии заҳмати мо мебошанд. Аз ҷоизаҳо дида, барои ман чизе ҳаст, ки на фақат рамзи комёбӣ, балки ангезаи руҳиву маънавӣ дорад. Ин ҷоизае буд, ки барои як маводи таҳқиқотӣ оид ба мушкилоти воқеии мардуми деҳот зери унвони “Хатари лағжиши кӯҳ болои хонаҳо” мебошад. Он лаҳза, ки мардуми маҳаллӣ баъди хондани мақола гуфтанд: “Шумо дардҳои моро гуфтед”, барои ман аз ҳар мукофот писандтар буд.
Бинобар ин, ҳар ҷоизае, ки бо меҳнати содиқона ва ба нафъи мардум гирифта шудааст, арзиш дорад. Аммо ҷоизае, ки ба дарди мардум расидааст, боз азизтар аст.
- Ҳунари навиштан ва таҳлилро чӣ гуна сайқал медиҳед? Китоб, устод ё таҷриба?
- Ҳунари навиштан ва таҳлил дар раванди фаъолияти журналистӣ муҳимтарин ҷузъи кор аст. Барои ман, ин се унсур: китоб, устод ва таҷриба дар якҷоягӣ нақши муҳимми сайқал додани маҳорати касбиям гаштаанд.
Китоб барои ман роҳи амалии таҳлил ва навиштан, устодон ҳамеша намунаи дурустии кор, ахлоқ ва маслиҳатҳои муфид буданд. Аз таҷриба ман сайқал ёфтаам.
Ҳунари навиштан ва таҳлил як ҷараёни доимӣ аст, ки аз омӯзиш, китобхонӣ, шогирдӣ ва таҷрибаҳои касбӣ ташаккул меёбад. Ва ҳар се унсури мазкур барои ман дар роҳи камолоти шахсӣ ва касбӣ муҳим буданд.
- Орзу ё ҳадафи Шумо барои фар-дои соҳаи журналистика ва илм чист?
- Орзуи онро дорам, ки фардои соҳаи журналистика ва илм сохтани ҷомеае бо-шад, ки дар он дониш асоси тасмимгирӣ бошад ва журналист як садои боэътимоди халқ боқӣ монад.
Орзу дорам, ки рӯзноманигорон на танҳо хабаррасон, балки тарбиятгарони фикри солим ва рӯшанбин бошанд.
Фардои ин ду соҳа - илм ва рӯзноманигорӣ агар бо масъулият ва меҳри воқеӣ пеш бурда шавад, ҳатман рушд мекунад. Ва ман мехоҳам, ки дар ин роҳ на танҳо саҳмгузор бошам, балки нерубахш ва роҳнамо барои дигарон низ гардам.
Ҳамин тавр, Комрон Расулзода дар баробари як рӯзноманигори фаъол будан ҳамчунин, як шахсияти илмӣ, масъулиятшинос ва ватанпарвар аст, ки бо дилу нияти соф ба халқу миллат хизмат мекунад.
Фаъолияти ӯ дар ду паҳлу: матбуот ва илм намунаи ибрат барои алоқамандони касби рӯзноманигорӣ маҳсуб меёбад.
Аз чунин меҳри беандоза ба сухан, метавон гуфт, ки Комрон Расулзода дар сафи он рӯзноманигорони ҷавоне қарор дорад, ки бо қалам ҷомеаро месозанд ва бо андеша миллатро рушд медиҳанд. Ӯ диле дорад саршор аз масъулият, дониш ва муҳаббат ба касби худ.
Суҳбаторо
Н. САИДАБРОР, «Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...