ШИНОСОӢ БО ЛОИҲАИ СОХТМОНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 18 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон бо лоиҳаи сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Дӯстӣ шинос шуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти варзишӣ бо ташаббуси сокинони ватандӯсти деҳа роҳандозӣ гардида, қарор аст он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад. Лоиҳа ба рушди инфрасохтори варзишӣ дар маҳал ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим равона шудааст.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон аз иқдоми неку созандаи онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин ташаббусҳо нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии диёр мебошад. Зикр гардид, ки дастгирии чунин иқдомҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Ҳамзамон, масъулин вазифадор гардиданд, ки сифати корҳои сохтмонӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, иншоот дар муҳлати муқарраргардида ва бо риояи меъёрҳои муосир ба истифода супорида шавад.
Бояд гуфт, ки бунёди чунин майдончаҳои варзишӣ дар деҳот барои рушди соҳаи варзиш, таҳкими саломатии аҳолӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб миёни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...