ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ҲИНДДАРАИ НОҲИЯИ ЁВОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 18 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон Маркази саломатиро дар деҳаи Ҳинддара мавриди истифода қарор доданд.
Маркази саломатии мазкур дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Обшорон ҷойгир буда, бо саҳми аҳолии маҳаллӣ ва шарикони рушд аз нав бунёд гардидааст. Иншоот бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон таъсис дода шудааст.
Марказ аз 9 утоқи корӣ иборат буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бо шароити зарурӣ таъмин мебошад. Дар он 14 нафар корманд, аз ҷумла 2 табиб, 10 ҳамшираи шафқат ва 2 корманди техникӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Зикр гардид, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти босифати муассиса аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ба аҳолии маҳаллӣ хизматрасонии босифат ва саривақтӣ пешниҳод карда шавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо фаъолияти марказ ва мулоқот бо сокинон саҳми аҳолиро дар бунёди чунин иншооти муҳим баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад.
Сокинони деҳаи Ҳинддара аз ифтитоҳи маркази саломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро қадами муҳим дар самти беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ арзёбӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 дар ноҳияи Ёвон ба истифода дода шудани чунин иншооти иҷтимоӣ ба рушди устувори соҳаи тандурустӣ ва ободонии бештари минтақа мусоидат менамояд.
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...