ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ВА ФЕСТИВАЛҲОИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳайати эҷодӣ, Боздид 33
![]()
Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангиву фароғатӣ бо намоиши суннатҳои миллӣ ва фестивалҳои бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардида, сокинон, ҷавонон ва дӯстдорони варзиш дар онҳо фаъолона иштирок намуданд.
Фестивали мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи асосии он эҳё ва рушди анъанаҳои варзиши миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Зимни баргузории чорабиниҳо қайд гардид, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги башарият дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Маҳз бо талошу ташаббусҳои Пешвои миллат ин ҷашни аҷдодӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шуда, бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад.
Иштирокчиёни чорабиниҳо бо намоиши расму ойинҳои қадимии наврӯзӣ, суннатҳои миллӣ, таомҳои анъанавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд. Ҳунармандон маҳсули дастони худро ба маъраз гузошта, аз ғановати фарҳанги миллӣ ва ҳунари волои мардуми тоҷик дарак доданд. Ҳамзамон, дар доираи фестивали бозиҳои миллии варзишӣ мусобиқаҳои гуногун баргузор гардида, варзишгарону ҷавонон дар фазои рақобати солим қувваозмоӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ барои эҳё ва гиромидошти суннатҳои қадимии ниёгон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим аҳамияти муҳим дорад.
Бо наздик гардидани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ бештар гардида, онҳо ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҳкими рӯҳияи идона ва гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон мусоидат менамоянд.
Алишери Абдулмаҷид,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...