ПЕШГИРИИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ ВА ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 48
![]()
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, роҳ надодан ба истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии неруи барқ, паст намудани талафоти барқ ва таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ва Котиби ШУрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи кории доимоамалкунанда таъсис дода шудааст. Ба ҳайати ин комиссия намояндагони сохторҳои марбута шомил буда, онро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ менамояд.
Дар ин замина, 12 марти соли 2026 дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба пешгирии талафоти неруи барқ, роҳ надодан ба истифодаи ғайриқонунии он, инчунин натиҷаҳои фаъолияти шабакаҳои барқ дар ду моҳи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, рафти иҷрои супоришҳои қаблан додашудаи Комиссияи кории доимоамалкунанда аз 18-уми декабри соли 2025 вобаста ба пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар» муҳокима гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба иҷрои супоришҳои қаблӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти филиал гузориши муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода ва директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода шунида шуд.
Ҳамчунин, директори генералии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Маноҷ Салви доир ба фаъолияти филиали мазкур дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ додашуда маълумот дод.
Зимни ҷаласа вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои асосии афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ, масъалаи қарздорӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва ҳолатҳои аз меъёри муқарраргардида зиёд истифода бурдани неруи барқ таҳлил гардиданд.
Қайд гардид, ки сатҳи талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Хуросон ва Ҷалолиддини Балхӣ ба назар мерасад, ки аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад.
Дар идомаи ҷаласа таъкид гардид, ки нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ, муовинони онҳо, инчунин нозирону назоратчиёне, ки дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камбудӣ нишон медиҳанд ё аз уҳдаи вазифа баромада наметавонанд, чораҳои қатъӣ андешида шуда, дар ҳолати зарурӣ аз вазифа озод карда мешаванд.
Масъулон вазифадор гардиданд, ки барои паст намудани талафоти неруи барқ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии он, баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва таъмини назорати ҷиддӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00