Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР РӮЗИ МАТБУОТ АҲЛИ ҚАЛАМ БО МАБЛАҒИ 53000 СОМОНӢ МУКОФОТОНИДА ШУДАНД


ДАР РӮЗИ МАТБУОТ АҲЛИ ҚАЛАМ БО МАБЛАҒИ 53000 СОМОНӢ МУКОФОТОНИДА ШУДАНД




Имрӯз, 11 март, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 нафар собиқадори матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.

Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло бо ҳамроҳонаш аз намоиши матбуоти даврии вилоят дидан карда, бо сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳои маҳаллӣ доир ба вазъу ҳолати нашрия, таъминоти техникӣ ва кадрӣ, шароити кории онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат кард.

Пасон, дар толори Маркази иттилоотии Кохи фарҳанг муовини раиси вилоят паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот расониданд.

Зикр гардид, ки ҷамъомади имрӯза ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат, рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати пуршараф ва таъсирбахши намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад.

– Заҳмати тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиеро, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, мо қадр мекунем ва барои рушди ҳамкориҳо тадбирҳои иловагӣ меандешем. Мо комилан дарк мекунем, ки эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили ҷангу ҳуҷумҳои иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад, - гуфта шуд дар ҷамъомад.

Таъкид гардид, ки даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ, гурӯҳҳои ифротгаро, бадалшавии идеологияҳо, ҷанги  иттилоотӣ ва таҳдидҳои дигари ҷаҳони муосир аз намояндагони васоити ахбори умум ҳушёрии бештареро тақозо мекунад. Ин равандҳо аз кормандони расонаҳои хабарӣ ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди касбиро тақозо менамоянд.

Ҳамасола озмуни ҷоизаҳои вилоятии ба номи «Носири Хусрав», Шамсиддин Шоҳин» ва “Соҳиб Табаров” миёни адибони вилоят натиҷагирӣ карда мешавад.

Ин навбат китоби “Фарёди сукут”-и Сипеҳри Ҳасанзод дар самти насри бадеӣ ғолиби Ҷоизаи адабии ба номи “Носири Хусрав”, маҷмуаи шеърҳои шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Султон бо номи “Ҳамболи орзу” ғолиби Ҷоизаи “Шамсиддин Шоҳин” дар самти назм ва китоби Мирзо Одина бо номи “Шарҳи сад ғазали Бедил” ба Ҷоизаи адабии “Соҳиб Табаров” сазовор дониста шуда, ҳар кадом бо маблағи 5000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Пасон, маросими тақдими Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2025 барои беҳтарин маводи журналистӣ барпо гардид. Қайд гардид, ки ба кумитаи тадорукоти озмун имсол беш аз 200 маводи журналистӣ пешниҳод шудааст.

Ҳамин тавр, аз рӯйи номинатсияҳои зерин ғолибон муайян карда шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Номинатсияи “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ”
- Набиҷони Сайдаброр, хабарнигори рӯзномаи “Хатлон”, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ
Номинатсияи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”
- Ҳасанов Манучеҳр, хабарнигори Идораи  телевизион ва радиои вилояти Хатлон, мукофотпулӣ 1500 сомонӣ
- Ҷобиров Ҷобиршо, хабарнигори Идораи  телевизион ва радиои шаҳри Кӯлоб, мукофотпулӣ 1500 сомонӣ
Номинатсияи “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ”
- Шарипов Сангинмурод, корманди радиои “Хатлон”, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ
Номинатсияи “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)”
- Рӯзномаи “Набзи Бохтар”-и шаҳри Бохтар, сармуҳаррир Сафаров Рустам, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ

Номинатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ”
- Маҷаллаи вилоятии “Сафо”-и МИҲД вилояти Хатлон, сармуҳаррир Мирзосаидиён Латофат, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ
Номинатсияи “Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ”
- Муҳаммади Мирзо, хабарнигори Идораи  телевизион ва радиои вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ
Номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
- Сомонаи нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, рӯзномаи Хатлон  - http://khatlon-ruznoma.tj/, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ

Номинатсияи “Беҳтарин наворбардор саҳифабанди нашрия”
- Маҳмудов Зуҳуриддин, наворбардори Идораи  телевизион ва радиои вилояти Хатлон, мукофотпулӣ 1500 сомонӣ
- Зафарҷон Азизов, саҳифабанди рӯзномаи “Новый Хатлон”, мукофотпулӣ 1500 сомонӣ
Номинатсияи “Беҳтарин котиби матбуотӣ”
- Бобохонзода Ҷумахон, котиби матбуотии Идораи  телевизион ва радиои вилояти Хатлон, мукофотпулӣ 1500 сомонӣ
- Азизов Асомиддин, котиби матбуотии Донишгоҳи давлатии Данғара, мукофотпулӣ 1500 сомонӣ

Номинатсияи “Рӯзноманигори соҳибмактаб”
- Сафаров Бахтиёр, омӯзгори соҳаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ

Дар ҷамъомад инчунин ба як қатор собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Дар маҷмуъ, ҷоизаҳои раиси вилоят ба ғолибон дар ҳаҷми 53 000 сомонӣ супорида шуд.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода