Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Муҳтарам аҳли қалам,
Cобиқадорони матбуот, рӯзноманигорони гиромӣ!
Дар ин рӯзҳои хотирмон, ки мардуми шарафманди кишвар баҳри сазовор ва дар сатҳи баланди идона истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд, Шумо - рӯзноманигорон, ноширон ва тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбӣ - Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, бароятон комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори хушу осуда таманно мекунам.
Қабл аз ҳама, мехостам ба ҳар яки Шумо барои ҳамкории хубу пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят самимона миннатдорӣ баён намоям.
Заҳмати тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиеро, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, мо қадр мекунем ва барои рушди ҳамкориҳо тадбирҳои иловагӣ меандешем.
Мо комилан дарк мекунем, ки эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили ҷангу ҳуҷумҳои иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси ҷадидони Бухоро аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои Шариф» санаи 11-уми марти соли 1912 нашр гардид.
Вилояти Хатлон дар муқоиса бо минтақаҳои шимолу шарқи ҷумҳурӣ дертар, танҳо дар оғози солҳои 30-юми асри ХХ соҳиби рӯзномаҳои худ гардид. То он замон зиндагии мардуми ин минтақа ва рӯйдодҳои муҳими онро мухбирони нашрияҳои русии “Туркистон” ва рӯзномаи тозатаъсиси «Тоҷикистони Сурх» инъикос мекарданд.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд. Айни ҳол теъдоди зиёди нашрияҳои чопӣ, телевизиону радиоҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъол буда, барои огоҳ намудани ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз мавҷудияти воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа ба ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намояд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, воситаҳои ахбори омма хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, «давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт. Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Ба таъбири дигар, матбуот ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шуд.
Ман умед дорам, ки қаламкашон донишу малака ва қобилияти эҷодии худро мунтазам ба сӯйи ҳадафҳои неку созанда равона карда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, таҳкими сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти нангини ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик месазад, ки аз меҳнати пурсамар ва шоистаи эҷодкорон, собиқадорони соҳа ёдоварӣ намоем. Мактабҳои бузурги эҷодӣ ва корномаи журналистони соҳибноми хатлонӣ чун Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Бӯриннисо Бердиева, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Қувваталӣ Холов, Абдулло Муродов, Акбар Муслимов, Ғаффор Мирзо, Фотеҳ Ҳомидов, Ашӯр Сафар, Мисралӣ Сониев, Аскаралӣ Набиев, Файзалӣ Чориев ва даҳҳо нафари дигар, ки бо навиштаҳои пурмуҳтавои худ дар бедории мардум ва баланд рафтани сатҳи маърифатнокии онон, фош намудани беадолатиҳои иҷтимоӣ саҳми беандоза гузоштаанд, дар саҳифаҳои таърихи матбуоти тоҷик сабт ёфтааст.
Ёди журналистони машҳури вилоятамон, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта, сарфи назар аз вазъияти номуътадили сиёсӣ, идома доштани ҷанги шаҳрвандӣ, рисолати эҷодкориашонро сарбаландона адо карда, ба ҳалокат расидаанд, ҳамеша дар хотираи мо абадӣ мемонад.
Номи неки устодони сухан Пирмқул Сатторӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Шарифамоҳи Кишвардухт, Тӯраҷон Қобилов, Олимҷон Ёрасенов, Зикрулло Валиев, Зуҳуриддин Суярӣ, Саидҷалол Фахриддинов, Аюбҷон Неъматов, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Шарофиддин Қосимов, Бобохон Сайдалиев, Ҳамро Салимов ва дигарон гиромӣ бод.
Имрӯз, ки дунёи зудтағйирпазиру пуртазод дучори буҳрони шадиди маънавӣ гардидааст, иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара дида бештар афзун намудааст. Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ, гурӯҳҳои ифротгаро, бадалшавии идеологияҳо, ҷанги иттилоотӣ ва таҳдидҳои дигари ҷаҳони муосир аз намояндагони васоити ахбори умум ҳушёрии бештареро тақозо мекунад. Ин равандҳо аз кормандони расонаҳои хабарӣ ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди касбиро тақозо менамоянд. Мушоҳида мекунем, ки ҳамарӯза танҳо аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо матлаби зиддимиллӣ ва иғвоангез ба нашр мерасанд.
Дар чунин ҳолат журналистонро мебояд, ки барои дифоъ аз манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, ташаккули афкори созандаи омма ва пешгирӣ аз халалдоршавии фазои иттилоотии Тоҷикистони азиз иттиҳоди неру нишон дода, ба ҳама гуна маводҳои ғаразолуд вокуниши саривақтӣ ва посухи сазовору бодалелҳо асоснок диҳанд. Нашрияҳои даврӣ дар шароити буҳронҳои ҷаҳонӣ бояд истиқлол, ваҳдат ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои гурӯҳӣ боло гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Боварӣ дорам, ки фаъолони вилоят барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар оянда низ ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил мегарданд.
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик барои қаламкашон ва кулли ҳаводорони матбуот пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно дорам. Бигзор, матбуот чун минбари озод ва инъикосгари вазъи воқеии ҷомеа хидмати беғарази худро минбаъд низ ба сомон расонад.
Иди касбиатон муборак бод, қаламкашони азиз!
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
