КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №12
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 20 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён майдончаи варзиширо дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, воқеъ дар деҳаи Ҳофизи Шерозӣ, мавриди истифода қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол дар деҳаи Ҳофизи Шерозии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо саҳми сокинони деҳаҳои Ҳофизи Шерозӣ, инчунин шахсони саховатпеша, бо маблағи 312 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Иншоот дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 сохта шуда, барои рушди варзиш миёни хонандагон ва ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.
Зикр гардид, ки дар майдончаи навбунёд ҷавонони деҳаҳои Ҳофизи Шерозӣ, Дониёрқул ва дигар деҳаҳои атрофи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод метавонанд ба бозии футбол машғул гардида, маҳорати варзишии худро такмил диҳанд. Бунёди чунин иншооти варзишӣ қадами муҳим дар самти ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуб арзёбӣ мешавад.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбати самимӣ бо сокинон ва наврасон иқдоми онҳоро намунаи ибрат номида, таъкид карданд, ки имрӯз ҳар як сокини шарафманди вилоят дар ободонӣ ва рушди диёр саҳми арзандаи худро мегузорад. Гуфта шуд, ки дастгирии ташаббусҳои созанда ва саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ дарак медиҳад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки ҳамаи сокинони шарафманди вилоят бояд сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, насли наврасро дар рӯҳияи илмомӯзӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Мунавваршои ЗАФАР, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...