МУЛОҚОТИ МАСЪУЛОН БО ФАЪОЛОН ВА АЪЗОИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ДАР КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 102
![]()
18 феврали соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода бо фаъолон ва аъзои гурӯҳҳои корӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бо усули «хона ба хона» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бояд бо масъулияти баланд, муоширати хубу маданӣ ва дарки ниёзҳои сокинон ба роҳ монда шавад.
Муовини раиси вилоят аз аҳамияти чунин мулоқотҳо ёдовар шуда, иброз дошт, ки усули «хона ба хона» ҳамчун механизми муассири иртибот бо мардум имконият медиҳад, ки мушкилоту пешниҳодҳои шаҳрвандон мустақиман шунида ва барои ҳалли онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
![]()
Дар анҷоми вохӯрӣ ба фаъолон ва аъзои гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати боз ҳам самаранок ба роҳ мондани фаъолият ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...