БОЗДИД АЗ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТҲОИ ГАҶӢ ВА МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 50
![]()
Имрӯз, 17 феврал, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон бо рафти корҳои ба анҷомрасонидашуда дар коргоҳи истеҳсоли хиштҳои гаҷии ҶДММ «Файзи гаҷ» шинос шуданд.
Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ ва бо маблағгузории 3 миллион сомонӣ таъсис ёфта, ба рушди бахши саноати масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳия мусоидат менамояд. Тибқи маълумот, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 1,5 миллион дона хишти гаҷиро ташкил медиҳад, ки метавонад талаботи бозори маҳаллиро қонеъ намуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Зикр гардид, ки пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 18 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Айни ҳол корҳои васлу насби таҷҳизоти истеҳсолӣ ба анҷом расида, дигар корҳои ободонӣ дар дохил ва атрофи коргоҳ идома доранд.
Зимни боздид дар саҳни корхона мулоқоти раиси вилоят бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки дастгирии соҳибкорон ва рушди истеҳсолоти ватанӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба шумор рафта, таъсиси чунин коргоҳҳо барои тақвияти иқтидори саноатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калон дорад.
Мунавваршои ЗАФАР, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...