ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САЁҲАТИ МАЪРИФАТИИ САРБОЗОН ДАР ХАТЛОН: АЗ ОСОРХОНА ТО ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ


САЁҲАТИ МАЪРИФАТИИ САРБОЗОН ДАР ХАТЛОН: АЗ ОСОРХОНА ТО ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ



Имрӯз, 17 феврали соли 2026, дар вилояти Хатлон бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят аксияи маърифатии таҳти унвони «Саёҳати як рӯзаи сарбозон» баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳнамоии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори 33-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи эълон гардидани солҳои 2026–2030 ҳамчун «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» роҳандозӣ шуд.

Дар аксия сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии №07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, №3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар, №07256-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, №0336-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, инчунин кормандони соҳа ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст, иштирокчиён аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дидан намуданд.

Зимни боздид сарбозону афсарон бо бахшҳои гуногуни осорхона, ки марҳилаҳои асосии ташаккулёбӣ ва рушди давлатдорӣ, саҳми халқи тоҷик дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро инъикос менамоянд, шинос гардиданд. Ба меҳмонон экспонатҳои нодир, аксҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳои муҳими бойгонӣ ва дастовардҳои шахсиятҳои барҷастаи вилоят муаррифӣ шуданд.

Масъулони осорхона зимни суҳбат таъкид доштанд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувори мамлакат, пойдории сулҳу субот ва болоравии маърифати ҷомеа басо арзишманд мебошад.

Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода