ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОНИ ВАТАН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 96
![]()
Имрӯз, 17-уми феврал, бо ташаббуси роҳбарияти Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакави ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, дар Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва дастаурхони идона ороста шуд.
Дар оғози чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар суханронӣ намуда, аз сиёсати оқилона ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ёдовар шуд ва саҳми хизматчиёни ҳарбиро дар ҳифзи марзу буми Ватан муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, директори театр баромад намуда, сарбозону афсаронро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ ва муваффақият дар адои рисолати пурифтихори ҳарбӣ таманно намуд.
Дар идома ҳунармандони театр бо пешниҳоди саҳначаҳои тарбиявӣ, сурудҳо ва барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ва хотирмон табъи сарбозонро болида намуд.
Рамазони Мирзомиддин, “Хталон”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...