Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ


ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ




Санаи 13 январи соли 2026, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ баргузор намуданд.

Дар ҷаласа муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Кӯлоб, фаъолон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ дар минтақа фаъолияткунанда иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025 баён гардиданд, суханронӣ намуданд.

Раиси вилоят оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ва рушди сайёҳӣ маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилоят пеш аз муҳлат ва бо нишондиҳандаи 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 6260 адад иншооти пешбинишуда 6640 иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки нисбат ба Нақша 380 адад зиёд мебошад.

- Танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд аст. Илова бар ин, дар назар аст, ки соли 2026, дар идомаи ҳамин иқдомҳои созанда, зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф, амсоли муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ (аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон) сохта мавриди истифода қарор дода шавад, - афзуд раиси вилоят.

Дар ҷаласаи корӣ аз ҷониби раиси вилоят аз масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами давлатӣ ва хизматӣ пурсиш ба амал оварда шуда, оид ба ҳалли онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилоят масъалаҳои интихоби тухмии босифати ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, обтаъминкунӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, кишти баҳорӣ, мубориза бар зидди малах, соҳаи саноат, супоридани андоз, омодагӣ ба даъвати баҳории наваскарон, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сифати иншооти ҷашнӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳо тариқи телевизион ва дигар расонаҳо, баргузории озмуну маҳфилҳо бахшида ба Солҳои фарҳанги китобхонӣ, омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ва соҳаҳои маориф ва тандурустиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба масъулон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси вилоят зикр намуданд, ки дар шароити ҳассосу пешгуинашаванда, вусъат пайдо кардани равияҳои ифротӣ ва радикализми динӣ, терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии фаъолон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

- Мо вазифадор ҳастем, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона тадбирҳои муассир андешида, фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва эҳтироми либоси миллӣ тарбия намоем, - зикр намуданд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода