Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ШИРКАТ НАМУД


КӮЛОБ: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ШИРКАТ НАМУД



Дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 13 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Кӯлоб иштирок карданд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон ва масъулон аҳамияти чунин иқдомҳои экологиро дар беҳдошти муҳити зист, афзоиши масоҳати сабзазорҳо ва зебоии маҳал муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда бояд зери назорати доимӣ қарор дошта бошад, то нашъунамои солими онҳо таъмин шавад.

Тибқи иттилоъ, дар доираи ин тадбир аз ҷониби сохторҳои марбута дар канори шоҳроҳи Кӯлоб–Душанбе ва теппаи деҳаи Андароби ҷамоати деҳоти Зарбдор дар масоҳати 3 гектар беш аз 1000 бех дарахт шинонида шуд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 дар вилояти Хатлон шинонидани 600 ҳазор бех дарахтони гуногун ва зиёда аз 9 миллион дона гулу гулбутта пешбинӣ гардидааст.

Бо  дастуру супоришҳои раиси вилоят корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дошта, барои зебову обод гардонидани маҳалҳо тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода