Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКТАБИ БАЧАГОНАИ РАССОМИИ ШАҲРИ КӮЛОБ


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКТАБИ БАЧАГОНАИ РАССОМИИ ШАҲРИ КӮЛОБ



Имрӯз, 13 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба Кӯлоб аз фаъолияти Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассиса соли 1976 таъсис ёфта, аз соли 1977 ҳамчун мактаби мустақил фаъолият дорад. Айни ҳол дар он 19 омӯзгор ба зиёда аз 395 хонанда дарс мегӯянд. Дар байни омӯзгорон дорандагони ҷоизаҳои давлатӣ ва аъзои иттифоқҳои эҷодӣ фаъолият доранд.

Мактаб бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси соҳаи санъат ҳамкорӣ дошта, дар самти тарбияи кадрҳои эҷодӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас мегузорад.

Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб мактаби ягонаи рассомӣ ва хунармандӣ дар вилояти Хатлон буда, макони тайёр намудани кадрҳо барои донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои тахассусӣ мебошад, ки ба омӯзиши ҳунарҳои бадеию мардумӣ фаъолият дорад.

Зимни боздид раиси вилоят аз шароити таълим шинос шуда, бо дарназардошти он ки бино ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва фароҳам овардани муҳити мусоид супоришҳо доданд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода