Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КИТОБХОНАИ БАЧАГОНАИ ВИЛОЯТӢ


КӮЛОБ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КИТОБХОНАИ БАЧАГОНАИ ВИЛОЯТӢ




Имрӯз, 13 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб аз Китобхонаи бачагонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки китобхона дар кӯчаи Ҳаким Неъматов, хонаи 5, утоқҳои 25–26 ҷойгир буда, аз се шуъба - шуъбаи хизматрасонӣ, толори хониш ва шуъбаи методӣ-библиографӣ иборат мебошад. Шуъбаҳои мазкур дар самти тарғиби хазинаи китоб, баланд бардоштани маърифати маънавии хонандагон ва ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ фаъолияти назаррас доранд.

Тибқи маълумот, хазинаи китобхона 20 ҳазору 824 нусха китобро дар бар мегирад. Китобхона дорои 3 компютер, 1 сканер ва 2 принтер буда, ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Фаъолияти он дар асоси Низомномаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз моҳи ноябри соли 1979 ба роҳ монда шуда, аз ҳамон сол то имрӯз мунтазам фаъолият мекунад.

Дар китобхона 15 нафар фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, китобхона дорои се нуқтаи китобдиҳӣ мебошад. Бо мақсади фарогирии бештари аҳолӣ, махсусан табақаи ниёзманд, хизматрасонии китоб тавассути китобкашонҳо ва бо усули “Хона ба хона” низ ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят аз шароити мавҷудаи китобхона аз наздик шинос шуда, ба мушкилоти ҷойдошта таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Ба масъулон супориш дода шуд, ки ҷиҳати кӯчонидани китобхона ба бинои зебо, барҳаво ва ҷавобгӯ ба талаботи замон чораҳои зарурӣ андешанд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода