ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ СОБИҚАДОРОН БО ҲАЙАТИ ШАХСӢ ОМИЛИ ТАҲКИМИ ТАРТИБОТ АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
13 феврали соли ҷорӣ дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Шурои собиқадорон ва нафақагирони милитсияи РВКД дар вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ, собиқадорон ва нафақагирони милитсияи ШВКД дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси Шурои собиқадорон ва нафақагирони милитсияи РВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Табарзода Валиҷон Саид, нозири калони шуъбаи кадрҳо ва корҳои тарбиявии РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Субҳонзода А., муовини сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар подполковники милитсия Зарифи Зафар, инчунин 50 нафар кормандони ҳайати шахсӣ, собиқадорон ва 30 нафар нафақагирони милитсия ширкат доштанд.
![]()
Ҷаласа ба баррасии муҳтавои Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва фармоиши сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бахшида шуд.
Муовини сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар подполковники милитсия Зарифи Зафар ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз ҳамкории зичи собиқадорон бо кормандони ҷавони милитсия ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки саҳми собиқадорон, нафақагирон ва маъюбони милитсия дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ арзишманд буда, роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Сипас, раиси Шурои собиқадорон Табарзода Валиҷон Саид суханронӣ карда, барои ҳамкории пайваста ва дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти ШВКД дар шаҳри Бохтар нисбат ба собиқадорон, нафақагирон, маъюбон ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои хизмат ҳалокшуда изҳори миннатдорӣ намуд.
Ӯ таъкид кард, ки фаъолияти Шурои собиқадорон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат роҳандозӣ гардида, собиқадорон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва тарбияи кормандони ҷавон саҳми фаъол доранд. Ба гуфтаи ӯ, баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва садоқат ба савганд аз самтҳои муҳими фаъолияти муштарак мебошад.
![]()
Ҳамзамон зимни ҷаласа масъалаи риояи одоби хизматӣ ва муносибати эҳтиромона нисбат ба собиқадорон матраҳ гардида, таъкид шуд, ки иҷрои талаботи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои таҳкими интизом ва масъулияти хизматӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Қайд гардид, ки бо дастуру супоришҳои роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон собиқадорону нафақагирон ба самтҳои муайяни хизматӣ вобаста гардида, дар ҳамкорӣ бо кормандони амалкунанда ҷиҳати таҳкими тартибу низом, риояи қонуният ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҷавонон саҳм мегузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандону собиқадоронро мебояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои таҳкими амнияту субот ва тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин масъалаи пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон таъкид гардид.
Рамазони Мирзомиддин,"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...