Олими ҷавони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорон соҳиби медали нуқра гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 8
![]()
Дар 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорон, ки дар минтақаи Ховари Миёна - Давлати Кувайт баргузор гардид, намояндаи Тоҷикистон Мунира Роибова бо натиҷаи баланд сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра шуд. Дар ин бора худи Мунира ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ дод.
Мунира Роибова ба ҳайси мудири Маркази малакаҳои таҷрибаомӯзӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар фаъолият менамояд. Ӯ ҳамзамон аспиранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Мунира Тоҷикистонро бо як кори муҳими илмӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кард.
Мавзӯи таҳқиқоти илмии ӯ ба синтези биологии пайвастагиҳои кобалт бо дибазол бахшида шудааст. Ин пажӯҳиш дар заминаи кафедраи химияи фармасевтӣ ва токсикологӣ анҷом дода шуда, ба самти таҳияи пайвастагиҳои нави доруворӣ ва омӯзиши таъсири биологии онҳо равона гардидааст. Ба гуфтаи мутахассисон, чунин таҳқиқот метавонад дар оянда барои рушди дорусозӣ ва эҷоди воситаҳои муосири табобатӣ замина гузорад.
Дар намоишгоҳи мазкур ихтироъкорон ва муҳаққиқон аз 70 давлати ҷаҳон ширкат варзида, дастовардҳои худро дар соҳаҳои гуногуни илм ва технология муаррифӣ намуданд. Дар чунин фазои рақобати баланд ба даст овардани ҷойи дуюм ва медали нуқра нишонаи сатҳи баланди омодагии илмии бонуи муҳаққиқи тоҷик ва эътирофи байналмилалии кори ӯ мебошад.
Иштироки муваффақонаи Мунира Роибова гувоҳи он аст, ки неруи зеҳнии ҷавонони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ қобили рақобат буда, мактабҳои илмии кишвар тадриҷан мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшанд.
Ин дастовард ҳамчунин нишон медиҳад, ки робитаи илму амалия, аз ҷумла фаъолияти ҳамзамони ӯ дар муассисаи таълимии тиббӣ, метавонад барои татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар равандҳои омӯзишӣ ва амалияи тиб заминаи мусоид фароҳам оварад.
Пирӯзии муҳаққиқи ҷавон мояи ифтихори ҷомеаи илмӣ ва соҳаи тандурустии кишвар буда, барои дигар ҷавонони муҳаққиқ намунаи ибрат аст.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...