Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БАРОИ ҲИФЗИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ АЗ ҲАМЛАИ МАЛАХ


ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БАРОИ ҲИФЗИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ АЗ ҲАМЛАИ МАЛАХ




Имрӯз, 12 феврал, бо мақсади пешгирӣ ва безарар гардонидани заминҳои кишоварзӣ аз ҳамлаи малах муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Баҳром ва директори Муассисаи экспедитсияи мубориза бар зидди малах Акрамзода Хайриддин аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” дар вилояти Хатлон боздид намуданд.

Тавре сардори филиали муассиса Мусозода Шодӣ иттилоъ дод, дар асоси амри раиси вилояти Хатлон Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо низ ситодҳои доимамалкунанда фаъолият доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ дар майдони 64 ҳазору 515 гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 40 ҳазору 935 гектар ба минтақаи Вахш ва 23 ҳазору 580 гектар ба минтақаи Кӯлоб рост меояд.

Аз ҷумла, тухмгузории малах дар ноҳияҳои Данғара — 10 105 гектар, Фархор — 8 319 гектар, Ҳамадонӣ — 4 476 гектар, Панҷ — 10 185 гектар, Кӯшониён — 5 090 гектар, Ҷалолиддини Балхӣ — 2 893 гектар, Абдураҳмони Ҷомӣ — 2 667 гектар, Хуросон — 4 223 гектар, Вахш — 5 270 гектар, шаҳри Левакант — 2 506 гектар, Шаҳритус — 1 513 гектар, Дӯстӣ — 995 гектар, Қубодиён — 1 240 гектар, Носири Хусрав — 678 гектар, Ёвон — 1 320 гектар, Ҷайҳун — 2 405 гектар ва Темурмалик — 510 гектар мушоҳида шудааст.

Дар мавсими имсола мутахассисони шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар тамоми майдони ошкоршуда коркарди кимиёвӣ анҷом додаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 ҳаҷми истифодаи заҳрдору 7 620 литр ва майдони коркард 20 788 гектар кам шудааст, ки ин аз коҳиш ёфтани паҳншавии малах шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин барои иҷрои чорабиниҳои зиддималах 23 трактори дорупошак, 11 автомашинаи дорупошак, 2 автомашинаи обкаш, 1 автомашинаи “Нива”, 1 автомашинаи “УАЗ”, 503 дорупошаки дастии моторӣ ва 480 дорупошаки батареядор ҷалб гардида, ба ҳисоби миёна 731 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шудааст.

Масъулон таъкид намуданд, ки омодагиҳо ба мавсими мубориза бар зидди малах ҷиддӣ буда, тамоми чораҳои зарурӣ барои ҳифзи заминҳои кишоварзӣ андешида мешаванд.

Рамазони Мирзомиддин,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода