ҒОЛИБИЯТИ ТАБИБИ ТОҶИК ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ ИХТИРОЪКОРОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Табиби ҷавон ва соҳибистеъдоди тоҷик Суннатулло Шарифзода дар 16-умин Форуми ҷаҳонии ихтироъкорон (IIMFE), ки аз 8 то 11 феврали соли 2026 дар шаҳри Эл-Кувайти Давлати Кувайт баргузор гардид, ба дастоварди назаррас ноил шуд. Дар ин бораи худи Сунатулло ба хабарнигори рӯзномаи "Хатлон" хабар дод.
Шарифзода Суннатулло, духтури ҷарроҳи МД «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе» ва аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1-и МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», дар ин форуми бонуфуз якбора соҳиби ду медал гардид:
— медали тиллои IIMFE барои ихтироъи беҳтарин дар самти тиб;
— медали биринҷӣ барои пешниҳоди ихтироъи гурӯҳӣ.
Ба даст овардани ду медал дар як форум аз ҷумлаи дастовардҳои нодир ба шумор рафта, бозгӯи сатҳи баланди донишу малакаи мутахассисони тоҷик мебошад.
Форуми ҷаҳонии ихтироъкорон яке аз бузургтарин платформаҳои байналмилалӣ дар самти инноватсия ва технология маҳсуб ёфта, дар он ихтироъкорон ва муҳаққиқон аз даҳҳо кишвар навгониҳои худро муаррифӣ мекунанд.
Ихтироъҳои пешниҳоднамудаи Шарифзода Суннатулло ба такмили усулҳои муосири ҷарроҳӣ, беҳтар намудани ташхис ва баланд бардоштани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ равона гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки номбурда қаблан низ дар форуми байналмилалии «100 идея барои ИДМ» ғолиб гардида буд, ки аз фаъолияти пайгирона ва рӯ ба рушди ӯ дар самти илм гувоҳӣ медиҳад.
Ғолибияти табиби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи сиёсати дастгирии ҷавонон ва рушди илму маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мояи ифтихори сокинони кишвар мебошад.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...