ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БЕҲТАРИНҲОИ МАВСИМИ 2025-РО ҚАДРДОНӢ КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар шаҳри Левакант маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он беҳтаринҳои мавсими соли 2025 муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.
Муовини раиси вилоят Абдулло Раҳмонзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ аз номи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ғолибонро табрик гуфта, ба тамоми масъулин ва алоқамандони ин риштаи варзиш барору комёбӣ таманно намуд.
-Соли 2025 барои футболи вилояти Хатлон соли натиҷаҳои назаррас буд ва умедворем, ки дастовардҳо дар соли ҷорӣ боз ҳам бештар хоҳанд шуд, - гуфт А. Раҳмонзода. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки барои тақвияти фаъолияти дастаҳои кӯдакону наврасон, рушди футболи бонувон, футзал, клубҳои касбӣ, мактабҳои махсуси футбол ва ҷалбу тарбияи доварони ҷавон тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда шаванд.
Дар идома ба беҳтарин намояндагони футболи вилоят аз рӯйи 20 номинатсия ҷоизаҳои инфиродӣ супорида шуд. Аз ҷумла, беҳтарин бозингар миёни кӯдакону наврасон, беҳтарин мураббии футболи наврасон, беҳтарин бозингар ва мураббии футболи бонувон, беҳтарин довар ва инчунин беҳтаринҳои Лигаи дуюм бо ҷоизаҳои махсус сарфароз гардонида шуданд.
Дар доираи барномаи маросим ба дастаи «Ёвон»-и ноҳияи Ёвон Ҷом ва медалҳои биринҷӣ, ба дастаи «Ҷиликул»-и ноҳияи Дӯстӣ Ҷом ва медалҳои нуқра ва ба дастаи «Рахш»-и ноҳияи Восеъ, ки барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон - 2025 гардида буд, Ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ба дастаи "Вахш"-и шаҳри Бохтар, ки мавсими гузашта дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мақоми дуюмро касб карда буд, медалҳои нуқра тақдим гардид. Инчунин, ҳайати ҷавонони ин даста бо медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ сарфароз гардонида шуданд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00