НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
11 феврал нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иштироки беш аз 40 намояндаи васоити ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид. Ин ҳамоишро метавон майдони муҳими мубодилаи иттилоъ ва таҳкими робитаи мустақими мақомот бо ҷомеа тавассути ВАО арзёбӣ намуд.
Раиси вилоят дар оғози мулоқот ба хабарнигорон барои ҳамкориҳои пурсамар, инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳо ва баррасии саривақтии масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Таъкид гардид, ки нақши рӯзноманигорон дар ташаккули афкори умум, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими фазои иттилоотии солим басо муҳим аст.
Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва кулли аҳли заҳмати вилоят дастуру супориш ва ҳидоятҳои Роҳбари давлатро, ки дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди иқтисоди миллӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои зеҳнӣ ироа намуданд, ҳамчун роҳнамои асосии фаъолияти худ қарор додаанд.
Маврид ба қайд аст, ки соли 2025 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 маротиба ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, дар доираи ин сафарҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 биною иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар онҳо беш аз 2200 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтанд.
Гуфта шуд, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилоят пеш аз муҳлат ва бо нишондиҳандаи 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 6260 адад иншооти пешбинишуда 6640 иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки нисбат ба нақша 380 адад зиёд мебошад.
Танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуд.
- Илова бар ин, дар назар аст, ки соли 2026, дар идомаи ҳамин иқдомҳои созанда, зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф, амсоли муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ (аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон) сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, - илова кард раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Қобили зикри хос мебошад, ки тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 636 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 108 адад пул (кӯпрук) бо дарозии 3419 метр таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Аз ин ҳисоб, мумфаршкунии 628 километр роҳ ё 98,7%-и роҳҳои мумфаршшуда ва 55 адад пул бо дарозии 892 метр маҳз бо саҳми соҳибкорону аҳолӣ ба анҷом расонида шудааст.
Гуфта шуд, ки дар соли сипаришуда 146 муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла 110 муассисаи таълимӣ бо 1242 синфхона барои (31050 ҷойи нишаст дар як баст) 62100 ҷойи нишаст дар ду баст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 муассисаи томактабӣ (аз ҷумла 20 боғча барои 4074 ҷой) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ин теъдод фарогирии кӯдакони синни томактабиро аз 24,7 фоизи соли 2024 ба 33,2 фоиз дар соли 2025 баробар намуд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинони саховатпеша 61 муассисаи таълимӣ (барои 9450 ҷойи нишаст дар як баст) барои 18900 ҷойи нишаст дар ду баст (ба маблағи зиёда аз 115 миллион сомонӣ) ва 13 муассисаи томактабӣ барои 2440 ҷой (ба маблағи зиёда аз 33 миллион сомонӣ) бунёд гардид.
Ҳамчунин, давоми соли сипаришуда 41 муассиса барои соҳаи тандурустӣ ба маблағи 105 миллион сомонӣ ва 61 иншооти соҳаи варзиш ба хотири солимгардонии аҳолӣ ба маблағи 131 миллион сомонӣ (варзишгоҳҳои марказӣ, майдончаҳои варзишии кушода ва болопӯшида, ҳавзҳои шиноварӣ) сохта ба истифода дода шудааст.
Зимни рӯнамоии нишондиҳандаҳои рушди вилоят иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 49,5 миллиард сомонӣ баробар ва рушди воқеии он 108,3 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2024 ба андозаи 6,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3,3 миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 103 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 4,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, аз он 4,4 миллиард сомонӣ ё 91,7% ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шуд.
Шумораи нафаќагирон дар вилоят 311669 нафар буда, талабот ба нафаќапулї 1,8 миллиард сомониро ташкил дода, дар соли 2025 ба пуррагї пардохт карда шудааст. Њисоби миёнаи нафаќа дар вилоят 505,74 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 37 сомонї (7,9 фоиз) афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаҳои иҷмоию иқтисодии вилоят 6,4 миллиард сомонӣ қарзҳо дода шудааст, ки нисбат ба соли 2024 23,4 фоиз ё 1,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми маблағи умумии қарзҳои додашуда 5,9 миллиард сомонӣ ба соҳибкорон, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 1,9 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағи умумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 1,4 миллиард сомонӣ (22,1%), саноат 264,4 миллион сомонӣ (4,1%), сохтмон 161,5 миллион сомонӣ (2,5%), нақлиёт 20,9 миллион сомонӣ (0,3%), савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 513,4 миллион сомонӣ (8,0%), хизматрасонӣ 553,7 миллион (8,6 %), ипотека (хариди манзил) 426,9 миллион (6,7%), истеъмолот 2 млрд 877,3 миллион (44,9 %), автоқарз 105,8 миллион (1,7 %) ва дигар соњањо 66,6 миллион сомонї (1,0%) равона карда шудааст.
Гардиши мол дар соли 2025 ба 21,6 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 2024-ум 2,9 миллиард сомонї зиёд ва 111,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳаљми хизматрасонии пулакӣ 3,4 миллиард сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба соли 2024-ум 105,6 фоиз ё ин ки 245,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ 464,1 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз ин 205,2 миллион долларро содирот ва 258,9 миллион долларро воридоти молу маҳсулот ташкил додааст.
Дар вилоят 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда, аз оғози татбиқ маблағи азхудшуда дар доираи лоиҳаҳои мазкур 1,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медињад.
Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 дар вилоят 99797 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, нисбат ба дурнамои солона 122 фоизро ташкил медиҳад (аз ҷумла, аз ҳисоби шахсони воқеӣ 91024 ҷой ва аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 8773 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст).
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2025 дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 2238,46 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 24,3 фоиз афзоиш ёфт.
Ин нишондиҳанда дар соҳаҳои саноати истихроҷ 3067,26 сомонӣ, саноати коркард 2663,63 сомонӣ, сохтмон 2456,67 сомонӣ ва бахши хизматрасонӣ 2281,83 сомониро ташкил медињад.
- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 ба 45,2 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба соли 2024-ум 109,7 фоиз таъмин гардид, - гуфт раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ, тибқи омори расмӣ, 53,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар асл беш аз 60 дарсади маҳсулоти кишоварзии кишвар дар вилояти Хатлон истеҳсол карда мешавад.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 417,3 ҳазор гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ ва дар майдони 127,8 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Тибқи маълумоти омори электронӣ, 260 ҳазор тонна пахта ба корхонаҳои калони коркарди пахта супорида шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 95 ҳазор тонна ё 157,5 фоиз зиёд мебошад. Дар натиҷа, аз ҳаҷми умумии пахтаи ба корхонаҳо супоридашуда 91,1 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардидааст.
Ҷиҳати таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ соли 2025 дар майдони 2495,7 гектар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ кишти сабзавот гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 75,2 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст.
Соли 2025 дар майдони 54,1 гектар боғу токзорҳои нав бунёд ва 138 гектар боғу токзорҳо барқарор гардид.
Дар соли 2025 аз қаламрави вилоят ба хориљи кишвар зиёда аз 65 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 20,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Бо мақсади ободу зебо гардонидани ватани азизамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 717,5 њазор бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз, ва 6,4 миллион бех гулу гулбуттаҳо шинонида шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба дастовардҳои соҳаи саноат гуфт, ки соли 2025 ба маблағи 13,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 1,9 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати рушди он 111,1 фоизро ташкил дод.
Дар соли 2025 истеҳсоли семент 3086,4 ҳазор тонна (115,5%), гӯшти мурғ 3,1 ҳазор тонна (108,3%), карбамид 40,8 ҳазор тонна (127,2%), нахи пахта 91,2 ҳазор тонна (122,5%), чигит 125,1 ҳазор тонна (116%), ресмони пахтагин 15,2 ҳазор тонна (104,1%), гази табиӣ 122,0 ҳазор метри мукааб (120,8%) зиёд таъмин гардидаанд.
Дар соли сипаришуда аз ҷониби соҳибкорон 85 корхона бо таъсиси зиёда аз 2710 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар вилоят ба 912 адад расид.
Қайд гардид, ки дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 2750 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 159 адад пулу қубурҳо бо маблағи умумии 424 миллион сомонӣ таъмир гардида, ҳаҷми корҳои иҷрошуда нисбат ба соли 2024-ум 166 фоизро ташкил медиҳад.
Дар 1403 муассисаи таълимии вилоят 942709 нафар хонандагон, аз он љумла 458058 нафар духтарон дар соли хониши 2025-2026 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи умумии омўзгорон 50445 нафар, аз он ҷумла занон 31040 нафар аст. Дар ин давра теъдоди омўзгорон 2182 нафар, аз ҷумла занон 1427 нафар зиёд шудааст.
Дар соли таҳсили 2025-2026 теъдоди муассисаҳои томактабии вилоят ба 183 адад расида, дар онҳо 26078 нафар кӯдак тарбия мешавад ва 1304 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 112154 нафар (дар 4015 гурӯҳ) фаъолият мекунад. Дар маҷмуъ, 138232 нафар кӯдакон дар ин зинаи таҳсилот фаро гирифта шудаанд, ки 33,2%-и шумораи умумии кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Шумораи довталабони вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нисбат ба соли 2024 зиёд гардида, 28 нафар (31%-и иштирокчиён) соҳиби 2 ШОҲҶОИЗА, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм гардиданд.
Довталабони вилоят соли 2025 аз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» соҳиби 20 ҷой, аз ҷумла 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм гардиданд.
Њамзамон нишондодҳои иштирокчиёни даври ниҳоии Озмуни ҷумњуриявии «Тоҷикистон - ватани азизи ман» миёни наврасону љавонони боистеъдоду лаёқатманд ба 18 љойи ифтихорӣ - 1 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм баробар гардид.
Вобаста ба дастгирии ташаббуси баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолибони даври вилоятии озмунҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 1572,8 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Соли 2025 ба 70 нафар хонандагони аълохони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба 60 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ба 60 нафар олимони эҷодкор, дар маҷмуъ, ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ стипендияи Раиси вилоят пардохт карда шуд. Ҳамзамон, ба 27 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, ки муассисаро бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ хатм намуда, (ҳар кадом ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 3000 сомонӣ ва барандагони Ҷоизаҳои вилоятии “Соҳибватан”, “Омӯзгори ифтихории Хатлон” ва ғолиби “Парчами сайёри ғолиб”), дар маҷмуъ, онҳо ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар вилоят 1816 адад муассисаи муолиљавию профилактикавӣ фаъолият дорад. Аз љумла 1255 адад муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 116 муассисаи беморхонавӣ ва 3 беморхонаи ҷумҳуриявӣ.
Бо мақсади муҷаҳҳазнамоии муассисаҳои соҳа бо технологияҳои тиббии замонавӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои маҳаллї ва махсус 24,7 миллион сомонӣ, аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 23,7 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир таъмин гардиданд.
Дар муассисаҳои тиббии вилоят 4744 нафар духтурон бо маълумоти олї ва 21929 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд.
Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки дар вилояти Хатлон 492 китобхона, аз ҷумла 3 адад китобхонаи вилоятӣ, 25 адад китобхонаи марказӣ, 25 адад китобхона-филиали шаҳрӣ, 413 адад китобхона-филиали деҳотӣ ва 26 адад китобхонаи бачагона бо хазинаи умумии 2578701 нусха, ки аз он 969473 нусха ба забони тоҷикӣ, 1377172 нусха ба забони русӣ ва 232056 нусха ба дигар забонҳо буда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Шумораи умумии осорхонањо 18 ададро ташкил намуда, дар онњо 34866 адад нигорањо маҳфуз мебошанд.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон 940 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла 619 адад ёдгориҳои бостонӣ, 96 адад ёдгориҳои меъморӣ ва 225 адад ёдгориҳои монументалӣ арзи вуҷуд доранд.
Соли 2025 дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншоотҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Қасри фарҳанг дар деҳоти Пушинг ва китобхона дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара, осорхонаи таърихии Ховалинг, майдони Парчам дар ноњияи Восеъ ва Муассисаи давлатии “Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон” дар ноҳияи Балҷувон ба истифода дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббусу дастгирињои Пешвои муаззами миллат ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгориҳои мероси фарњангии Хуттали қадим ворид гардид, ки ин дастоварди фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Дар 29 адад мактабҳои санъати бачагонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин давра шумораи омўзгор 445 нафар ва фарогирии хонанда 4801 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 нафар омӯзгор ва 195 нафар хонанда зиёд ба қайд гирифта шуданд.
Дар вилоят 3243 майдончаи варзишӣ, 587 толори варзишӣ, 42 варзишгоҳ, 40 ҳавзи шиноварӣ, 13 маҷмааи варзишӣ ва 246 адад иншооти махсуси варзишӣ (фитнес, тир ва ғайра) фаъолият доранд.
Варзишгарони вилоят дар 127 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 699 медали тилло, 675 медали нуқра, 872 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 2246 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 262 медал зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти масъулони шаҳру ноҳияҳо, ба вилояти Хатлон дар соли 2025 дар умум беш аз 1,6 миллион нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ аз ҷониби раиси вилоят Давлаталӣ Саид посухҳои муфассал гирифтанд.
Дар қисмати ҷамъбастии нишасти матбуотӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид махсусан таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба густариши ҳамкориҳои созанда бо васоити ахбори омма аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Раиси вилоят намояндагони ВАО-ро ба ҳамкории боз ҳам фаъолона даъват карда, изҳор дошт, ки инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи равандҳои рушд барои огоҳии ҷомеа ва таҳкими фазои иттилоотии солим аҳамияти калон дорад.
Бавижа зикр гардид, ки дар остонаи ҷашни муҳими миллӣ - 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд. Раиси вилоят аз журналистон даъват намуд, ки рафти иҷрои лоиҳаҳои бунёдӣ, ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташаббусҳои аҳолиро ҳамаҷониба бозтоб намоянд.
Таъкид шуд, ки ҳамкории зич миёни мақомоти давлатӣ ва ВАО метавонад дар муаррифии дастовардҳои даврони истиқлол, таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва боло бурдани ифтихори миллӣ саҳми назаррас гузорад.
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...