БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАИ ШАҲРВАНД САТТОРОВ ЭРГАШ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 43
он Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ аз гармхонаи шаҳрванд Сатторов Эргаш, сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Нури Вахш боздид намуданд.
Сатторов Эргаш Норкобилович, сокини 61-солаи деҳаи Навобод, оиладор ва соҳиби се фарзанд буда, бо истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ба рушди кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза саҳм мегузорад.
Масоҳати умумии замини наздиҳавлигии ӯ 0,28 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 0,15 гектар ба гармхона, 0,05 гектар ба оғилхона ва 0,08 гектар ба кишти зироатҳои зери плёнка ҷудо гардидааст. Дар гармхона ва қитъаҳои зери плёнка маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ парвариш ёфта, ба бозори маҳаллӣ пешниҳод карда мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон зимни боздид истифодаи оқилонаи замин ва ташаббуси шахсиро намунаи хуби меҳнати созанда арзёбӣ намуда, ба рушди гармхонаҳо ҳамчун яке аз роҳҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Таъкид гардид, ки истифодаи ҳар ваҷаб замин, роҳандозии гармхонаҳо ва кишти зери плёнка имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фаслҳои сол ба роҳ монда шуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад.
Мунавваршои ЗАФАР, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...