Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ГАРМХОНА ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН БОЗДИД НАМУД


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ГАРМХОНА ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН БОЗДИД НАМУД



Имрӯз, 10 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ аз гармхона боздид намуданд.


Ин гармхона, ки аз ҷониби соҳибкор Олимов Маҳмадюсуф дар масоҳати 8 сотих бунёд гардидааст, бо мақсади парвариши сабзавотҳои хушсифат, аз ҷумла бодиринг ва помидор, ба истифода супорида шудааст.

Бо бунёди гармхона, 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки ин барои рушди соҳибкории хурд ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ нақши муҳим дорад.

Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, дар вилояти Хатлон соли 2025 дар майдони умумии 2495,7 гектар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ кишти сабзавотҳо гузаронида шуд. Аз ин ҳисоб 75,2 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол гардида, ки аз он 24,5 ҳазор тонна помидор, 21,0 ҳазор тонна бодиринг ва 29,5 ҳазор тонна дигар сабзавотҳо мебошанд. Ин иқдом сатҳи дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти тоза ва хушсифати ватаниро баланд мебарад ва нақши муҳим дар таъмини амнияти озуқаворӣ дорад.

Раиси вилоят зимни боздид ба сифати парвариши сабзавотҳо ва самаранокии гармхонаҳо баҳои баланд доданд ва таъкид карданд, ки дастгирии соҳибкорон ва рушди гармхонаҳои замонавӣ барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии сокинон аҳамияти калидӣ дорад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода