Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 2028050 СОМОНӢ мукофотпулӣ барои қадрдонии ғолибони мукофотпулӣ барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ


2028050 СОМОНӢ мукофотпулӣ барои қадрдонии ғолибони мукофотпулӣ барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ




Раиси  вилояти  Хатлон Давлаталӣ  Саид  ба  масъулони сохторҳои дахлдори вилоятӣ барои дар сатҳи баланд доир намудани  даври  вилоятии  озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм– фурӯғи маърифат”  ва “Тоҷикистон– Ватани азизи ман” дастур дод. 

Фонди  умумии  мукофотпулиҳо ба ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба беш аз ду миллион сомонӣ мерасад.


“ИЛМ– ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”
Тибқи қарори раиси вилоят аз 19 январи соли 2026, №13, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои ғолибони даври вилоятии  озмуни  ҷумҳуриявии “Илм -  фурӯғи  маърифат”  тасдиқ карда  шуд.  Қобили  зикр аст, ки озмуни мазкур бо мақсади  суръат  бахшидан  ба  низоми  самарабахши дастгирӣ ва рушди  илмҳои  риёзӣ,  дақиқ ва табиӣ, тақвият додани таъсири  донишҳои  илмӣ ба  рушди  соҳаҳои  ҳаёти кишвар,  баланд  бардоштани  самаранокии  донишҳои илмӣ  ва  татбиқи  технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи  рушди  иҷтимоӣ  ва иқтисодии  кишвар  таҳтиcарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули6 сол аст, ки баргузор карда мешавад.


Озмун аз рӯйи8 номинатсия– математика, физика ва астрономия, химия, 
биология,  география,  технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ  ва  навоварӣ  миёни  хонандагони  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  ва  типи  нав,  донишҷӯён,  омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун доир гардида, ғолибони даври вилоятии  озмун  бо  мукофотпулӣ  дар ҳаҷми зерин қадрдонӣ карда мешаванд:
Ҷойи якум- 6000 сомонӣ.
Ҷойи дуюм- 3600 сомонӣ(ду ҷой).
Ҷойи сеюм- 2400 сомонӣ(се ҷой).


Ҷамъан, барои 156 нафар ғолибон ва96 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун пирӯзӣ ба  даст  меоранд, 802050  сомонӣ мукофотпулӣ  пешбинӣ  карда шудааст.


Соли 2026 низ  озмуни  мазкур  дар  доираи татбиқи ҳадафҳои«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ,  дақиқ  ва  риёзӣ  дар соҳаи  илму  маориф»  бо  мақсади  таҳкими  тафаккури  техникӣ,  тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасии боз  ҳам  бештар  пайдо  кардан ба  техникаву  технологияҳои  муосир, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, рушди  рақамикунонӣ  ва  истифодаи дурусти  зеҳни  сунъӣ,  пайванди  илм бо  истеҳсолот,  ҷалби  хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши  ҳамаҷонибаи  илмҳои  риёзӣ, дақиқ  ва  табиӣ,  ҳамчунин  дарёфт  ва муаррифии  истеъдодҳои  нав  дар  ин самтҳо баргузор мегардад.


Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани озмун ва таъмин намудани шаффофият дар раванди баргузории он ба Низомномаи озмун тағйироту навгониҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, портали  ҷумҳуриявии  озмун  таҳия  гардида, тамоми раванди баргузорӣ, маълумоти иштирокчиёну  ғолибон  ва  саволгузорӣ аз ҷониби аъзои ҳакамон тавассути он сурат мегирад.


Ҳамчунин,  санҷиши  дониши  иштирокчиёни даври чоруми озмун аввалан
ба  воситаи  Маркази  миллии  тестӣ  ва баъдан дар назди ҳайати ҳакамон сурат гирифта,  василаҳои  муайян  намудани ғолибон тақвият бахшида шуданд.

БО НАЗАРДОШТИ ТАҒЙИРОТИ ВОРИДГАРДИДА МАБЛАҒИ УМУМӢ БАРОИ БАРГУЗОРӢ ВА ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУН9 870 000 (НУҲ МИЛЛИОНУ ҲАШТСАДУ ҲАФТОД ҲАЗОР) СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОДА, НИСБАТ БА СОЛИ 2025, КИ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ ИН ОЗМУН9 220 000 (НУҲ МИЛЛИОНУ ДУСАДУ БИСТ ҲАЗОР) СОМОНӢ ҶУДО ГАРДИДА БУД, 650 ҲАЗОР СОМОНӢ ЗИЁД МЕБОШАД.

Баргузории  озмуни  мазкур  тайи солҳои 2021-2025 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисиву техникӣ замина гардидааст.


“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
Бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 январи соли 2026, №14, ғолибони озмуни“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин омӯзгорону падару модароне, ки шогирдону  фарзандонашон  дар  даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо мешаванд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд карда мешаванд.


Озмун аз рӯйи 4 номинатсия– адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти  классикии  тоҷик,  адабиёти муосири  тоҷик,  адабиёти  ҷаҳон  миёни 5 гурӯҳи синнусолӣ, яъне хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ (синфои1-4, 5-8, 9-11),  донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун  доир  гардида,  ғолибони  даври вилоятии  озмун  бо  мукофотпулӣ  дар ҳаҷми зерин қадрдонӣ карда мешаванд:
Ҷойи якум- 6000 сомонӣ.
Ҷойи дуюм- 3600 сомонӣ(ду ҷой).
Ҷойи сеюм- 2400 сомонӣ(се ҷой).


Ҷамъан, барои114 нафар ғолибон ва 72 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун ғолиб дониста мешаванд, 593100 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ карда шудааст.


Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  мақсади  баланд  бардоштани  завқи китобхонӣ,  тақвияти  неруи  зеҳнӣ,  дарёфти  чеҳраҳои  нави  суханвару  сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ,  таҳкими  эҳсоси  худогоҳию  худшиносӣ,  такмили  захираи  луғавӣ  ва  тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

“ТОҶИКИСТОН– ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”
Барои  баргузорӣ  ва  ҳавасмандгардонии  ғолибони  даври  вилоятии  озмуни “Тоҷикистон– Ватани азизи ман” бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 январи соли 2026, №15, дар маҷмуъ, 632900  сомонӣ ҷудо карда мешавад.


Ин озмун соли ҳаштум аст, ки зери сарпарастии  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бо  мақсади  дарёфти истеъдодҳои  нав  дар  соҳаҳои  санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомии инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик баргузор карда мешавад.  Дар  соли 2026  маблағи  умумии  ҷоизаҳо ва баргузории ин озмун 8  260 000 (ҳашт миллиону дусаду  шаст  ҳазор)  сомониро ташкил медиҳад. 


Ин нисбат ба соли 2025,  ки  барои  баргузории  озмуни  мазкур 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, 580  ҳазор  сомонӣ  зиёд мебошад. Ҳамин тариқ, ғолибони шоҳҷоиза 100 ҳазор  сомонӣ,  ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 70 ҳазор, 50 ҳазор ва30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.


Ба  ду  қисм  ҷудо  намудани  жанри академии  номинатсияи  навозандагӣ тағйироти дигар дар озмун мебошад, ки довталабон  метавонанд  ҳунару  истеъдоди худро дар навозиши созҳои миллӣ ва созҳои аврупоӣ нишон диҳанд. Вобаста  ба  тағйироти  зикргардида  дар  соли 2026 шумораи ғолибон143 касро ташкил хоҳад дод.


Имсол  дар  сатҳи  вилоят  озмун  аз рӯйи 8 номинатсия– оҳангсозӣ-бастакорӣ (жанри академӣ, жанри анъанавӣ, жанри эстрадӣ),  сарояндагӣ (жанри  академӣ,  жанри  анъанавӣ,  жанри  эстрадӣ),  навозандагӣ (жанри  академӣ– созҳои аврупоиасос  ва  созҳои  миллӣ,  жанри анъанавӣ  ва  жанри  эстрадӣ),  санъати тасвирӣ (жанри рассомӣ, жанри санъати ороиши амалӣ), дизайн (жанри дизайни графикӣ, реклама, ороиши дохили бино ва меъмории манзаравӣ, жанри дизайни мӯди либос ва бофандагии бадеӣ) дар миёни 2 гурӯҳи  синнусолӣ  доир  гардида, ғолибони даври вилоятии озмун бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми зерин қадрдонӣ карда мешаванд:
Ҷойи якум– 6000 сомонӣ.
Ҷойи дуюм3600 сомонӣ(ду ҷой).
Ҷойи сеюм-2400 сомонӣ(се ҷой).


Ҷамъан, барои138 нафар ғолибон ва 54 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун пирӯзӣ ба даст меоранд, 632900  сомонӣ  мукофотпулӣ пешбинӣ карда шудааст.


Қобили  зикр  аст,  ки  дар  соли 2025  шумораи  довталабони  вилояти  Хатлон дар озмуни  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб  аст” нисбат  ба  соли 2024 зиёд гардида, 28 нафар (31%-и иштирокчиён) соҳиби2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва17 ҷойи сеюм гардиданд.


Довталабони  вилояти  Хатлон  соли2025  аз  даври  ниҳоии  озмуни  ҷумҳуриявии «Илм-  фурӯғи  маърифат» сазовори20 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва11 ҷойи сеюм гардиданд.


Ҳамзамон,  нишондоди  иштирокчиёни  даври  ниҳоии  озмуни  ҷумҳуриявии«Тоҷикистон-  Ватани азизи  ман» миёни  наврасону  ҷавонони боистеъдоду  лаёқатманд  ба18  ҷойи ифтихорӣ- 1 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм баробар гардид. 


Вобаста ба дастгирии ташаббуси баргузории  озмунҳои  ҷумҳуриявӣ  ғолибони
даври  вилоятии  озмунҳо  бо  дастгирии мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии вилоят  ба  маблағи1 миллиону 572,8  ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.


Баргузории  ин  озмунҳо  ҳамчун идомаи  сиёсати  маорифпарварона  ва  фарҳангсолории  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  боиси таҳрики  рӯҳияи  ҷомеа  гардида,  барои талоши  бештар  дар  роҳи  илмомӯзӣ,  омӯзиши  осори  гаронбаҳои  миллӣ  ва рушди  фарҳангу  санъати  миллӣ  ва ҷаҳонӣ замина фароҳам меорад.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода