Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АМАЛӢ ШУДАНИ 11 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


АМАЛӢ ШУДАНИ 11 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ




Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ айни ҳол 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 20,9 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Тавре Қурбон Қурбонзода, муовини раиси ноҳия, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, то имрӯз 12,8 млн доллари ИМА ё 61,2 фоизи маблағҳои пешбинишуда азхуд карда шудааст.

Зимни нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои солҳои 2021–2025 дар маҷмуъ 111 лоиҳаро ба маблағи 391,4 млн сомонӣ дар бар мегирад. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 аз ин шумора 102 лоиҳа ба маблағи 488,8 млн сомонӣ ба иҷро расида, 92 фоизи лоиҳаҳо амалӣ ва 12,9 фоизи маблағгузорӣ таъмин шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия бунёду таъмири 340 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 324 иншоот ё 95,3 фоиз сохта ба истифода дода шудааст.

Дар соли 2025 ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 130,9 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 55,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

 Ҳамзамон, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 86,5 млн сомонӣ иҷро гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 26,4 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Гуфта шуд, дар масоҳати 14 ҳазору 452 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 100,5 фоизро ташкил медиҳад.

Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода