ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҲАМАИ ШАКЛҲОИ ХОҶАГИДОРӢ БА 2,3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар ноҳияи Восеъ дар давоми соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 2,3 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024, 225,4 миллион сомонӣ зиёд гардида, 110,5%-ро ташкил медиҳад.
Дар соли 2025 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 78 062 тонна ғалладонагӣ (аз ҷумла 42 303 тонна гандум), 127 859 тонна сабзавот, 13 805 тонна картошка, 57 999 тонна полезӣ ва 22 780 тонна мева истеҳсол гардида, шумораи чорво ба 60 105 сар чорвои калони шохдор, 138 072 сар гӯсфанду буз ва 75 750 сар парранда расидааст; ҳамчунин 9 013 тонна гӯшт, 52 950 тонна шир ва 7 миллиону 679,1 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед.
Ҳамзамон қайд намуд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба 184 миллиону 171 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 26,4 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст. Аз ин маблағ корҳои сохтмону васлкунӣ ба ҳаҷми 176 миллиону 552,2 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Мардуми ноҳияи Восеъ дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд; дар ин замина аз 408 иншооти ба нақша гирифташуда то имрӯз 371 иншоот ба истифода дода шуда, 90,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, афзуд раиси ноҳия.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
Сегодня, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...