БЕШ АЗ 47 ҲАЗОР САЙЁҲ АЗ ДӮСТӢ ДИДАН КАРДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
- Қисми даромади буҷети ноҳияи Дӯстӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 73,1 миллион сомонӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 2,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - иброз дошт Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ.
Ба гуфтаи ӯ бо мақсади дастгирии молиявии ноҳия аз ҳисоби буҷети вилоят ба буҷети маҳаллӣ 59 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудааст. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад, 94 фоиз иҷро гардида, нақшаи солона дар ҳаҷми 148,2 миллион сомонӣ муқаррар шудааст. Ба ҳолати 1-уми декабри соли 2025 қарздории ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо 8,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 1,7 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.
Ҳамчунин, Д. Нишонзода аз соҳаи сайёҳи ёдовар гардида қайд дошт, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Дӯстӣ рушд меёбад. Дар ҳудуди ноҳия 44 иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва 3 тарабхона фаъолият доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 47 ҳазору 173 нафар сайёҳ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 41 ҳазору 198 нафар сайёҳони дохилӣ ва 5 ҳазору 975 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
Сегодня, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...