Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷайҳун: вусъати кишти картошка ва таваҷҷуҳ ба ҳосилнокии баланд


Ҷайҳун: вусъати кишти картошка ва таваҷҷуҳ ба ҳосилнокии баланд




Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии “Аҳлиддин”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол»-и ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардондани сабади истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон кишти картошка дар майдони умумии 8 ҳазор гектар ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 346 гектар ба ноҳияи Ҷайҳун рост меояд.

Тибқи маълумоти масъулон, то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун дар майдони беш аз 110 гектар кишти картошка анҷом дода шуда, кишоварзон бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ корҳои саҳрогиро вусъат мебахшанд. Ин тадбирҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои маҳаллӣ бо сабзавоти тару тоза мусоидат мекунанд.

Ба иттилои масъулон, хоҷагии деҳқонии “Аҳлиддин” дорои 4 гектар замини корам буда, имсол саҳмдорон дар он кишти картошкаро ба роҳ мондаанд. Дар кишт тухмии ватанӣ аз навъи серҳосили “Мастчоҳ” истифода шудааст, ки ба шароити иқлимии минтақа мутобиқ буда, имкони ба даст овардани ҳосили фаровонро фароҳам месозад.

Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни кишт, коркарди хок ва тадбирҳои агротехникӣ шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати риояи муҳлатҳои кишт, истифодаи тухмии хушсифат, ғизодиҳии дуруст ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияҳои судманд дод. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар назаррас аст.

Қобили зикр аст, ки татбиқи чунин чорабиниҳо дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода