Нақшаи обуна дар вилояти Хатлон 93,5 фоиз иҷро гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Тибқи иттилои Бобоев Шарифхон, директори Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон, айни ҳол корхона дорои 22 маркази алоқаи почтавӣ буда, 219 нафар кормандон ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таъмини обунаи саривақтии рӯзномаю маҷаллаҳо ҳамкорӣ бо зиёда аз 90 идораи нашрияҳо ба роҳ монда шуда, ба вилояти Хатлон беш аз 12 миллион нусха рӯзномаю маҷалла бо вазни умумии зиёда аз 302 тонна ворид гардидааст.
Ҳамзамон, гардиши муросилоти почтавӣ низ назаррас буда, зиёда аз 109 ҳазор адад мактубу баста қабул ва ирсол шудааст.
Иҷрои нақшаи супориши обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо барои соли 2026 то 30 январи соли ҷорӣ 93,5 фоизро ташкил дод. Роҳбарияти корхона ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани фаъолияти марказҳои алоқаи почтавӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Сабринаи САЙВАЛӢ
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...