Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷаласаи корӣ дар назди раиси вилояти Хатлон: тадбирҳо барои ободонӣ ва рушди иҷтимоӣ


Ҷаласаи корӣ дар назди раиси вилояти Хатлон: тадбирҳо барои ободонӣ ва рушди иҷтимоӣ




Имрӯз, 3 феврал, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор шуд. Дар он муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа раиси вилоят вазъи соҳаҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат ироа гардида буданд, мавриди таҳлил қарор дод.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки барои риояи қатъии структураи кишти зироатҳо, зиёд намудани ҳаҷми кишти картошка, саривақт гузаронидани шудгори заминҳо, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, бунёди боғу токзор ва истифодаи оқилонаи обу замин чораҷӯӣ кунанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар муҳлати муайян кишту парвариши зироати кишоварзӣ ва обёрии заминҳои бекорхобида бояд ба таври самаранок ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид инчунин вобаста ба рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, идомаи корҳои идеологӣ ва даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ ба масъулон супориш доданд.

Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои мубориза бар зидди малах, супоридани андоз, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сифати иншооти ҷашнӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳо тариқи телевизион ва дигар ВАО, инчунин баргузории озмуну маҳфилҳо дар соҳаҳои фарҳанг, китобхонӣ, ҷавонон, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ баррасӣ гардид.



Раиси вилоят таъкид намуд, ки истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф намудани камбудиҳо ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ бояд таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода