ДАНҒАРА. БУНЁД ВА ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ 526 ИНШООТИ ТАЪИНОТАШОН ГУНОГУН БАХШИДА БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
Дар доираи нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2025 раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия корҳои назаррас анҷом ёфтааст. Ҳамзамон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмиру таҷдиди 165 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, 526 адад (329,6%) ба истифода дода шуд. Сохтмони 42 иншооти дигар дар соли 2026 ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ, 2 иншооти муассисаи олӣ, 3 муассисаи тандурустӣ, 8 корхонаи саноатӣ ва 8 иншооти дигари иҷтимоӣ.
Тибқи иттилоъ дар 8 муассисаи томактабӣ, ки соли 2026 сохта ба истифода дода мешаванд, дар як вақт метавонад то 300 нафарро ба тарбия фаро гирад.
Раиси ноҳия зикр дошт, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия дар соли 2025 3 млрд 450 миллион сомониро ташкил дод, ки 110,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҳаҷми маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 1,9 миллиард сомонӣ ва чорвопарварӣ 1,5 миллиард сомониро ташкил додааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 2,2 миллиард сомониро ташкил дода, шумораи корхонаҳои саноатӣ 53 ададро ташкил медиҳад, илова кард раиси ноҳия.
Алишери Абдулмаҷид,
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...