Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар шароити таълим ва таҷрибаомӯзиро густариш медиҳад


Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар шароити таълим ва таҷрибаомӯзиро густариш медиҳад



Имрӯз дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» Исмоил Одилзода иттилоъ дод, ки айни ҳол дар ин муассиса 4174 нафар донишҷӯ дар 261 гурӯҳ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумӣ 3841 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Муҳлати таҳсил дар коллеҷ 4 сол мебошад.

Зимни нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои таълимӣ, табобатӣ ва озмоишӣ дар ҳудуди коллеҷ идома дорад. Иншооти мазкур бо қарори Раиси шаҳри Бохтар аз 4 марти соли 2021 оғоз гардида, айни замон таҳхона ва ошёнаи панҷуми бино пурра ба анҷом расидааст.

Ба гуфтаи директори коллеҷ, корҳои болопӯшии бино пурра анҷом ёфта, ҳоло сохтмончиён ба таъмири дохилии он шуруъ кардаанд. Бинои мазкур ҳамчун заминаи муҳими таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои коллеҷ пешбинӣ шудааст.

Илова гардид, ки дар соли таҳсилии ҷорӣ ба коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 1835 нафар довталаб қабул гардидаанд. Роҳбарияти муассиса барои беҳтар намудани шароити таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Набӣ Саид, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода