ОМОДАГИИ ШОИСТА БА ҶАШНҲО ВАЗИФАИ ҲАР ЯК СОКИНИ ВАТАНДӮСТ АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
3 феврал дар Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии васеи масъулони соҳаҳои гуногун баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, роҳбарият ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, муассисаҳои таълимӣ, инчунин имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта иштирок намуданд.
Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбоналӣ Қурбонзода баргузории чунин мулоқотро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ бо аҳолӣ ва сохторҳои гуногун омили муҳими рушди устувори ноҳия ва татбиқи босамари сиёсати давлатӣ мебошад.
Дар идома муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода суханронӣ карда, ҳозиринро ба фаъолияти пурсамар ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати ободгаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд. Ӯ таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла рушди кишоварзӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, истифодаи самараноки замин, ободонии маҳал ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ҷалб сохт.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ вазифаи муҳими ҷомеа ба шумор меравад.
Зимни баромад ҳамчунин оид ба ҳифзи ҷавонон аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, назорати фаъолияти ғайриқонунӣ ва таъмини риояи қатъии қонунгузории миллӣ ибрози назар карда шуд.
![]()
Гуфта шуд, ки таҷлили ҷашни Наврӯз ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо сатҳу сифати баланд, рӯҳияи созандагӣ ва иштироки фаъоли аҳолӣ баргузор гардад.
Дар фарҷом аз сокинони маҳаллӣ даъват шуд, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ фаъолона иштирок намоянд. Таъкид шуд, ки саҳми ҳар як сокини ноҳия дар рушди маҳал ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатдорӣ метавонад заминаи ояндаи боз ҳам шукуфонро фароҳам созад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...