Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РЕКТОРИ ДДБ БА ВАЪДААШ ВАФО КАРД


РЕКТОРИ ДДБ БА ВАЪДААШ ВАФО КАРД




Дар партави сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки аз моҳи сентябри соли 2026 музди маоши кормандонро боз 10 фоиз аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардорад, - гуфт зимни нишасти хабарӣ Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Шумораи дорандагони дараҷаҳои илмӣ дар донишгоҳ рӯ ба афзоиш буда, дар соли 2025 он ба 239 нафар расид. Танҳо дар ин давра 39 рисолаи номзадӣ ва 7 рисолаи докторӣ аз ҷониби устодон ҳимоя гардид, илова кард М. Қурбонзода.

Дар нишастҳои қаблӣ пайваста ректорҳои донишгоҳ ваъда мекарданд, ки барои табодули таҷрибаи донишҷӯени риштаи рӯзнҳманигории донишгоҳ студияи таълими таҷрибавӣ сохта ба истифода медиҳанд.

Имрӯз ректори донишгоҳ иттилоъ дод, ки дар соли 2025 студияи телевизионии назди кафедраи рӯзноманигории назди донишгоҳ бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ ва хобгоҳи наву замонавӣ бо иштироки Пешвои муназзами миллат мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки, донишгоҳ бо 37 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории фаъол дошта, дар самти табодули устодону донишҷӯён, баргузории ҳамоишҳои илмӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ фаъолияти назаррас дорад.

Набиҷони Саидаброр,

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода