Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 4196 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ФАЪОЛИЯТ ДОРАД


4196 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ФАЪОЛИЯТ ДОРАД



Имрӯз, 2 феврал, дар нишасти матбуотии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии ҷавонон дар вилоят ба 1 миллиону 290 ҳазору 63 нафар расида, 517 ҳазору 374 нафарарашон духтарон мебошанд.

Сардори Раёсат Рамазон Насриддинзода қайд намуд, ки шумораи ҷавонони роҳбарикунанда дар самти хизмати давлатӣ дар ҳудуди вилоят 1000 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 260 нафарашон духтарон буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 270 нафар зиёд мебошад.

Дар ҳудуди вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 44 ҳазору 540 нафар донишҷӯ, 33 коллеҷ бо ҷалби 31 ҳазору 91 нафар ва 18 литсейи касбӣ-техникӣ бо фарогирии 4 ҳазору 690 нафар, дар маҷмуъ, беш аз 80 ҳазор нафар муҳассилини ҷавон ба таҳсилоти дастрасу босифат ва муносиб фаро гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи Р. Насриддинзода, соли дуюм аст, ки бо мусоидати раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид чорабинии “Корвони дидор” аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ташкилу баргузор карда мешавад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо хонишҳои сиёсӣ миёни ҷавонони синну соли 14-16 сола ва 17-18 сола бо иштироки волидайни онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дорад. Дар соли 2025-ум 1245 вохӯрӣ дар мактабҳо, 2972 хониши сиёсӣ дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бо усули “Курс ба курс” ва “Факулта ба факулта” ва миёни кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ гузаронида шуд.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон 4196 иншооти варзишӣ, аз ин шумора 42 адад варзишгоҳ, 3261 майдончаи варзишӣ, 593 толори варзишӣ, 40 адад ҳавзҳои шиноварӣ, 14 маҷмааи варзишӣ ва 246 иншооти махсуси варзишӣ (тир, боулинг, фитнес ва ғайра) фаъолият менамояд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят 43 майдончаи варзишӣ, 2 варзишгоҳи калон, 3 маҷмааи варзишӣ, 13 толори варзишӣ, дар маҷмуъ, 61 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои наврасону ҷавонон имконияти хубро фароҳам овард.
    • Варзишгарони вилоят дар 162 мусобиқа ва чемпионати ҷумҳуриявӣ, 35 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, ба гирифтани 1264 медали тилло, 1115 медали нуқра, 1327 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 3706 медал ба даст оварданд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 41 медал зиёд мебошад, - иброз дошт Р. Насриддинзода.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода